"ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗА"

Бохтар: Вокуниш  
  Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳамагон гардида, ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақаи ҷаҳон асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ чӣ тавре, ки Пешвои миллат борҳо дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сабабу омили шахсони ифроткор ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои нест ва дафъ намудани он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдати миллие, ки бо чӣ мушкилиҳо ба даст омадааст ҳифз гардад. Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инчунин киш низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Сабаби пайдоиш, паҳн ва махсусан шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас ба ҳисоб меравад.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Чаноби Оли мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон доимо қайд менамоянд:
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
 
Саидзода Раҳмон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар