ТЕРРОРИЗМ ТАҲДИД БА ҶОМЕАИ МУОСИР

Бохтар: Вокуниш  

    Терроризм идеологияи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасон ба ҷомеа мебошад. Ҳадафи асосии терроризми муосир  ин ғасби ҳокимият ва тарсондан ё маҷбур кардани аҳолӣ тавассути таҳдид ва зӯроварӣ мебошад. Он метавонад ба марг, ҷароҳати вазнин ва дигар оқибатҳои нохуш оварда расонад.

  Терроризми муосир дар ибтидои солҳои 60-ум ба вуҷуд омадааст. Муборизаи озодихоҳии  миллӣ  аксар вақт бо воситаҳои ҳарбӣ  ба амал бароварда мешуд ва амалиёти террористӣ яке аз шаклхои амалиёти партизанӣ буд.

Аммо бо тағйир ёфтани вазъият дар ҷаҳон терроризм ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳарбӣ  тағйироти кулли ба амал овард.

Дар охири асри ХХ амалҳои террористие, ки ба мунтазам, эҳтимолан нобудсозии оммавии одамон нигаронида шудаанд, воситаи умумии расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ гардидаанд. Барои пешгирии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар оянда бояд аз амалиёти террористӣ пешгирӣ намуд  ва ҳаракати фаъолияти шабакаҳои террористӣ қатъ карда шавад.

Шахсони ба ин гурӯҳҳо шомил буда   дар бунёди ҷомеа қавитар ва устувортар нақши муҳим бозида ҷавонони ҷоҳилро ба доми худ меоваранд.

   Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет бо  шуур ва зирак бошанд ва  барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва  ҳифзи манфиатҳои кишвари маҳбубамон Тоҷикистон омода  бошанд.

Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд.

Мо ҷавонон бояд ҳамеша шиори мо метавонем- ро сармашқи кори худ намуда боз ҳам дар пешрафт ва сарсабзии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми босазои худро гузорем.

 

Аламхонова Азиза - аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази ҷавонони шаҳр".