МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАРКАЗИ ВНМО”

Бохтар: Ҳисобот  

   Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МАРКАЗИ ВНМО” дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастӣ оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МАРКАЗИ ВНМО” Саидов Илёсиддин ва аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

 1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолият дар давоми соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда.

2. Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024.

3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Масъалаҳои ҷорӣ

Маҷлисро Саидов Илёсиддин ифтитоҳ намуда, оиди фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипари шуда ахборот дод. Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

  Сипас, Саидзода Раҳмон муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вобаста ба самту паҳлуҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуқтаҳои асосии онро ба иштирокчиёни маҷлис шарҳу тавзеҳ намуданд.