БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МУҲОҶИРАТ"

Бохтар: Ҳисобот  

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷират” маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023; интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷират” ва шахси масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Азиззода Баҳодур оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дод.

Дар идома тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷират” бо тарафдории аъзои ташкилот Азиззода Баҳодур раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.