БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "РОҲНАМО"

Бохтар: Ҳисобот  

Санаи 15-уми июни соли равон дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок намуд.

Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо» Саидахмедов Фаридудин оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд.
Ҳамчунин дар маҷлис дигар масъалаҳо низ барраси гардиданд, ки тибқи муқаррарот Абдуназарзода Шоиста раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Роҳнамо» интихоб гардид.
Сипас, дар идомаи маҷлис Саидзода Раҳмон муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳо суҳбат намуданд.