МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД.

Бохтар: Ҳисобот  
   Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ибни Сино» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок намуд.
Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ибни Сино» Мусоев Иброҳим оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд.
Ҳамчунин дар маҷлис дигар масъалаҳо низ барраси гардиданд, ки тибқи муқаррарот Мусоев Иброҳим аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Ибни Сино» интихоб гардид.
  Дар идомаи маҷлис Саидзода Раҳмон муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳо суҳбат намуданд.