ИНТИХОБИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РОҲНАМО”

Бохтар: Ҳисобот  

Санаи 1-уми майи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муовини раис ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон ва Ҳиматов Амирҳамза  иштирок  намуданд. Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Сайдахмедов Фаридуддин кушода, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуда, сипас барои пеш бурдани маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ суханро ба муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон дод.

Сараввал, Саидзода Раҳмон ба сухан баромада, нисбати фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҳамкории он бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки тибқи талаботҳои Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намоем.  Баъди мулоҳизарониҳо аз тарафи иштирокчиёни маҷлис таклиф шуд, ки Сайдахмедов Фаридуддин Мирзоевич – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” интихоб карда шавад. Аз рӯи масъалаи мазкур низ қарори дахлдор қабул карда шуд.

Баъдан, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” Сайдахмедов Фаридуддин Мирзоевич – ро, ки аз ҷониби аъзои ҳизб пешниҳод ва дастгирӣ карда шуд, табрику таҳният намуда, ба ӯ барои пешбурди фаъолияти ҳизбӣ алалхусус таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни аъзоёну тарафдорон ва умуман аҳли ҷомеа барори кор таманно намуд.

Сипас, Сайдахмедов Фаридуддин дар бораи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо" - и шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ҳисобот дода, инчунин чанде аз аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо"  (Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар)   оид ба кори ташкилот ва ифтихормандии аъзогӣ ба ин ҳизб табодули афкор намуданд.
Бахусус, дар бораи амалиётҳои якҷояи Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои баланд бардоштани маърифат ва зиракии сиёсии наврасону ҷавонон ва натиҷаҳои назарраси он иттилоъ доданд.