ИНТИХОБИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МНДСЭ-И ШАҲР”

Бохтар: Ҳисобот  
Дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и шаҳр” маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар маҷлис 2-масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд:
1) Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2023
2) Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и шаҳр”
Аз рӯи масъалаи якум котиби масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Салимов Абдулҳафиз ҳисобот дод. Баъди мулоҳизарониҳо нисбати масъалаи якум қарори дахлдор қабул карда шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила ба сухан баромада, иброз намуд, ки: “Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Гулов Шамсиддин ба мо лозим аст, ки раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар ташкилот интихоб намоем. Баъди мулоҳизарониҳо аз тарафи иштирокчиёни маҷлис таклиф шуд, ки Маҳмадуллозода Азиз Маҳмадулло раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ МНДСЭ-и шаҳр” интихоб карда шавад. Аз рӯи масъалаи мазкур низ қарори дахлдор қабул карда шуд.
Баъдан, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Бо ҳамин маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и шаҳр” пӯшида эълон гардид.