ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ҷ.Балхӣ:  

Зери ин унвон имрӯз сокинони меҳнатқарини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯшиш доранд, ки аз ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашон бударо смаранок истифда бурда, ду-се ва зиёда аз он ҳосилнокӣ ба даст оваранд. Сокинони ноҳия суханони Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем» -ро шиори худ дониста, дар кори ҳамарӯзаи худ истифода намуда истодаанд. Сокинони меҳнатдӯсти ноҳия дар замини наздиҳавлигии худ кишти ҳама гуна сабзавотро ба роҳ мондаанд ва пас аз пухта расидани маҳсулотҳои кишткардаашон миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор мебароранд.

Иқдоми мазкур сари вақтӣ буда, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад. Бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои хурду миёнаи наздиҳавлигӣ дар фасли зимистон бозорҳои кишварамон бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегарданд. Инчунин, барои беҳтар намудани зисту зиндагии деҳқон шароити мусоид фароҳам меорад.