ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ - АМАЛИ ХУНБОР

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хатарҳои терроризм ва экстремизм дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Мувофиқ ба суханони Пешвои муаззами миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии худ ҳамеша бо ҳама гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое, ки ба зиндагии осоиштаи сокинон ва рушди тараққиёти кишвари азизамон -Тоҷикистон халал эҷод кардан мехоҳанд, мубориза бурда, барои устувории сулҳу субот ва амнияту рушди кишвар ҳиссагузор будан лозим аст.

То ҷое ҳамагон огоҳ ҳастем, вазъи қонунии ҷаҳони имрӯза дар шароите қарор дорад, ки онро фазои носолим ва таҳлукабори терроризму эктремизм таҳдид мекунад. Дар миёни ҳама ин фитнаҳо, ки дар пайи рақобатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон роҳандозӣ карда шудаанд, тақдири мавҷудияти давлатҳои соҳибистиқлол ва ҷони ҳазорон нафар аҳолии бегуноҳ хатар дошта, боиси бадбахтии миллату давлатҳо мегардад.

Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Имрӯзҳо терроризм бештар дар давлатхои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия ва Сомалӣ мушоҳида гардида, амалҳои даҳшатборе ба анҷом расонида мешавад, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо садҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Террорист даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзои гуногуни ҷомеа анҷом медиҳад. Бинобар ин, алайҳи чунин зуҳуроти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналмилалӣ барои рафъи ин мушкилӣ ва ё «вабои аср» талош меварзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ муваффақ бошанд. Бо ҳамин мақсад танҳо тавассути ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон мумкин аст, ки садди роҳи паҳншавии ин «вабои аср» гирифта шавад.

Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро паҳн намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид менамояд.

Тоҷикистони ҷавони мо рӯзҳои сангинеро, ки маҳсули дасти ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ буд, дар солҳои навадуми асри гузашта пушти сар намуд, ки то ҳол хотироти талхи он замон дар қалби халқи мо боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр, хеле муҳим аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлоли давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузорӣ намоем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Чи тавре, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд».

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба таври мунтазам, густурда ва дастаҷамъона ба роҳ монда шавад. Бояд ба он роҳ надиҳем, ки нохалафе, одамкуше, кӯрнамаке, бадахлоқе ва хафноку ҷоҳиле гулзори ҳаёти ширину гуворои инсонро поймол намуда, дар ҷамъият нифоқу тарсу ваҳмро ба миён орад ва бо амалҳои хунбор мардуми осудаҳолро ба кӯйи ғаму андуҳ ворид гардонад.

Лутфинисо АЗИЗОВА, методисти китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия