БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН".

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби 12 нафар кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аксияи тозагӣ таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи муассиса, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои муассиса саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Баъди баргузории аксия дар гирду атрофи муассиса гулҳои рангоранг шинонида шуд.