МО ҶАВОНОН АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО ПУРРА МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад”. Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва эктремизми динӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Амалҳои терористи ба ҳар давлат ва миллат танҳо бадбахти меораду халос. Ҳодисаи даҳшатоваре, ки санаи 22 мари соли 2024 дар “Крокус Сити Холл”, дар кишвари ба мо дӯсту бародар, Федератсияи Россия ба миён омад, ҳеҷ касро бетараф намонд. Мутаъсифона амали террористӣ, ки он ҷо анҷом дода шуд ҷони зиёда аз садҳо нафар шахсони бегуноҳро аз байн бурд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Мутаъсифона имрӯз ба чунин гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ маҳз ҷавонони гумроҳ шомил шуда истодаанд. Ҳарчанд Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳояшон бо ҷавонон, фаъолони ҷомеа пайваста таъкид менамоянд, ки насли наврасро дуруст тарбия намоем, ҷавонон бояд зираку ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, забон омӯзанд, касбу ҳунар аз худ намоянд, ҳимоягари манфианҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳимои марзу буми кишвари азизамон, Тоҷикистон бошанд, лек афсус боз ҷавононе ҳастанд, ки ба гумроҳи роҳ дода ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ шомил мешаванд, ки оқибат пушамон мешаванд. Тавре Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд “Террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад. Террористро ба худиву бегона ҷудо кардан иштбоҳи маҳз аст”.

Имрӯз вазифаи ҳар падару модар таълиму тарбияи дурусти насли наврас ба ҳисоб меравад. Ҳар як волидайд бояд дар таълиму тарбияи фарзандон масъулити дучанд дошта бошанд. Чун насли наврас ва ҷавони хуб тарбия ёфта, соҳиби касбу ҳунар, дуст доштани Ватан, худшиносу худогоҳ ҳеҷ гоҳ ба чунин гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил намешаванд.

Мо ҷавонони соҳибистиқлоли кишварро мебояд ҳамеша зираку ҳушёр, дошманду, ватандӯст бошем. Мо ҷавонон! Амалҳои террористиро пурра маҳкум намуда бар зиддӣ ин вабои аср мубориза мебарем. Нест бод терроризм ва экстремизм!

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маликова Тахмина