ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ВАБОИ АСР

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Ҷавонон нерӯи созанда ва ояндаи ҳар давлат буда, ифтихори ҳар миллату ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Рушду нумӯи ҷомеаи навин, илму техника, аз афкори солиму устувори ҷавонон вобастагӣ дорад.

Барои ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаю ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятҳои таълим фароҳам оварда шудааст, то ин ки дар оянда соҳиби касбу кор гардида, барои худ зиндагии шоиста бунёд созанд. Ҳамчун насли солиму созанда дар рушди Ватан саҳмгузор бошанд ва ояндаи кишварро бо сулҳу суботи пойдор муҳофиз гарданд.

Мутаассифона, дар замони мо нафарони иғвопеша ва ё ҳизбу ҳаракатҳое арзи ҳастӣ намудаанд, ки ҷавононро ба гумроҳӣ андохта, фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо ва шомил ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ месозанд.

Ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ чун вабои аср ва зуҳуроти номатлуб айни ҳол ба амнияти ҷаҳон ва осоиштагии мардуми он, ба ваҳдати халқу миллатҳо хатар ворид намуда истодааст. Бар асари ин амалҳои номатлуб бисёре аз мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои таърихӣ хароб гадида, заррари ҷиддии моддӣ ва маънавӣ мебинанд. Дар замони ҳозир ин мафҳумҳо ҳам байни шахси оддӣ ва ҳам дар сиёсатмадорони сатҳи гуногун вирди забон шудааст.

Барои дарк намудани мафҳумҳои террористию экстремистӣ фаҳмиши аниқи он лозим аст. Вақте ки ин ду мафҳумро таҳлил менамоем оқибати онҳо марг мебошад. Худи калимаи "экстремизм" маънои тундрав, аз андоза гузаштан ва фикру амалҳои тундравона мебошад.

Терроризм бошад, ба маънои тарс ва ваҳм фаҳмида мешавад. Инҳо маънои тарсонидани аҳолӣ ба таҳлука овардани онҳо ва шомилшавӣ ба ҳаракатҳои зуроварӣ ва оқибатҳои дигари ба ҷамъият хавфнокро дорад.

Мубориза нисбати ин ҳаракатҳои нанговару шиканандаи ҳаёт яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар буда, дар ин самт ҳар як шахси ватандӯст, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеши мубориза мебошанд.

Саидзода ҚОБИЛҶОН, капитани милитсия -нозири калони ГК ва КХШ ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ