МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

“Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари накамтар аз салоҳи ядроиро ба миён овардааст” иброз доштаанд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳақатан терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср буда, амалҳои он таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як фард мебошад. Мақсади гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ бо роҳи ҷиноят, фишор, хунрезӣ ба харобаҳо оварда расонидани давлатҳо мебошад. Амалҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ анҷом дода мешавад танҳо ба ин ё он миллату давлат бадбахти меораду халос. Ба гарав гирифтани одамон, тарконидани мактабҳо, биноҳои баландошёна, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафар одамони бегуноҳ  ин ҳама ҳодисаҳое, ки дар ин ё он давр таърихи башарият ёд дорад. Ва имрӯз ҳар фарди худогоҳ бояд нисбати чунин гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ мубориза баранд. Танҳо дар ҳолати муборизаи дастаҷамъӣ мо метавонем аз ин вабои аср наҷот ёбем.

Боиси нигаронист, ки имрӯз ба чунин гурӯҳҳо ҷавонон шомил мешаванд, ба миллату давлати худ бадбахти меоранд, ман ҳамчун як ҷавони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳайрат ҳастам, ки чаро чунин ҷавонон гумроҳанд, то куҷо аз ақл берун, то куҷо содда будан лозим аст, ки кур курона ба ақидаҳои чунин гурӯҳҳои зарарасон шомил шудан лозим. Мақсадҳои чунин гурӯҳҳо мисли рӯз равшан аст, онҳо танҳо супоришҳои ҳоҷагони худро иҷро менамоянду халос. Рости дар шабакаҳои иҷтимоӣ як суҳбати модар бо фарзанди худро дида бисёр нороҳат шудам. Суҳбати видеои Восиева Гулхумор бо писараш Восиев Абдухалил. Афсус модарон бо умед фарзанд ба дунё меоранд, як бурда нонро худ нахурда ба фарзандон медиҳанд, ба гуфти модар хонадор мекунанду бо заҳматҳо рӯзгордориро пеш мебаранд, лек чунин фарзандон чӣ? Ғайр аз бадбахтӣ, бадномӣ дигар чизе ба волидайн намедиҳанд. Модар аз суҳбатҳо бо фарзандаш бармоеяд, ки аз фарзандаш чунин амалҳоро интизор набуда бо умед фарзандоро ба воя расонидааст, ки дар синни пиронсолӣ фарзандон дасти ӯро бигиранд. Лек афсус чунин нафарон кӯр кӯрона ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил шуда аз наздикон, давлат ва миллати худро фаромуш сохта гуфтаҳои хоҷагони худро иҷро менамоянд.

Ҷавонони гиромӣ! Бо эҳсоси баландӣ ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллиамон ва садоқат ба ватани азизамон, Тоҷикистон аз ҳамаи шуморо даъват ба амал меоварам, ки ватандӯст бошед, амалҳои гурӯҳҳои ифротиро пурра маҳкум намуда, Ватан, миллати худро ҳамеша ҳимоя намоем. Фаромуш насозем, ки мову шумо соҳибватан ҳастем. Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ва ҳеҷ гоҳ нагузорем ашки модари тоҷик баҳри фарзанд бирезад, ва агар ашки модаре бирезад, бигзор ашки шодию ифтихор аз фарзанди худ бошад.

Мусоев Хуршед, Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ