ҶАВОНОН ЗИДИИ ГӮРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ тамоми аҳли ҷомеаро ҳамчун муаммои доғи рўз ба ташвиш овардааст, ки ин аз паст будани тарбия, надоштани саводи комил баъзе аз ҷавонони имрўза дарак медиҳад. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон, аз як тараф, қонеъ набудан аз шароити иқтисодию молиявии оила бошад, аз тарафи дигар, аз беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандонашон ба ҳисоб меравад. Волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон хунукназари зоҳир намуда баъд аз ба роҳи бад рафти фарзанд пушаймон мешаванд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бархе аз ҷавонон бештар бо роҳи осон зиндагӣ карданро фикр менамоянд. Бо кадом роҳе набошад зудтар соҳиби пулу мол шуданро фикр мекунанд. Меҳнат кардан намехоҳанд, ва ба ҳар гуна кору амалҳои ношоиста даст мезананд. Саводи комил надошта аз телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳи иҷтимоӣ нодуруст истифода менамоянд, бештар чунин ҷавонони гумроҳ ба доми гурруҳҳои ифротӣ ва террористӣ меафтанд.  Дар навбати худ гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ аз чунин ҷавонон истифода менамоянд.                                                                       

Бояд қайд намуд, ки ташкилоту созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрўз амнияту суботи аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб аз сатҳи минтақавӣ боло рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ касб кардааст. Ин гурўҳҳои ифротгаро бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба худ ҷалб карда, ҳаёти онҳоро барҳам мезананд. Бинобар ин, мо ҷавонон бояд ҳарчи бештар ҳушёр бошем. Мо ҷавонон тамоми амалҳои гуррӯҳҳои ифротӣ ва террористиро пурра маҳкум намуда бар зидди ин вабои аср мубориза мебарем. Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ нашавем.

Ҷавонони зодаи истиқлол, дар маҷмӯъ ҳама табақаи ҷомеаи Тоҷикистонро мебояд, ки ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ омода бошанд.  Ба қадри ин неъматҳо чун Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бояд расид ва шукргузорӣ аз он намуд, ки ватани азиз чун Тоҷикистонро дорему бо тоҷик будан ифтихор менамоем.

 

Мусоев Хуршед, Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ