ИДОМАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ ВА БУНЁДКОР" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВОРИСОНИ СИНО”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳаамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”-и Муассиаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳия, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассиса Аксияи ҳизбии " ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор " баргузор гардид.

Кормандони ташкилоти мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорони ҳизб бо меҳнати софдилона ба ҳашар баромада бехи гулҳову дарахтони ташкилотро нарм карда, гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд.