ҲАФТАИ ПОСИ ХОТИР ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Ёвон:  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Ёвон ба хотири пос доштани иштирокчиёни ҶБВ ҳафтаи поси хотир ташкил шуд. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм ҳам, дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зиди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.

Дар ин рӯзҳои идона 79-умин солгарди ин Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карда, барои таъмин намудани пирузӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, ба тамоми мардуми сулҳхоҳи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯем ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

 Ҳамасола дар муассиса ба хотири ин мардони накуном ҳафтаи поси хотир ташкил шуда, аз қаҳрамонию родмардияшон ба неки ёд меоранд.