МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

Ёвон: Андеша  

Насли ҷавони миллатем,
Руҳу равони миллатем.
Шуҳрафизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем.


Ин аст шиори ҳар як ҷавони бедордили тоҷик, ки бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ баён медорад. Мо ҷавонон хушбахт аз он ҳастем, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаии рушди устувору босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурундешона ва муваффақнаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон гомҳои устувори худро мегузорем.
Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, грантҳои президентӣ барои татбиқи лоиҳаҳои мухталифи ҷавонони эҷодкору лаёқатманд ва квотаву стипендияҳои дохиливу баналмилалии президентӣ аз ҷумлаи он ташабусҳое мебошанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар ҷомеа роҳандозӣ гаштааст. Муҳимтар аз ҳама дар ин даврон ноил гаштани ҷавонон ба ҷоизаи баланди бовариву умеди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мо ҷавонони бонангу номуси ватан бояд ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба омӯхтани амиқи илму дониш ва касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро азбар намоем, Ватанамонро аз ҷон дӯсттар дорем ва дар муқобили ҳама гуна мушкилоту вазниниҳо ҳамчун ояндасози ватан камари ҳиммат баста ва бо ҷону дил омодаи амру нидои ӯ бошем.