ШАНБЕГӢ ДАР БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Субҳи имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати шахсӣ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову атрофи корхона саҳм гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки иқдомоти мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ сурат гирифта, то Ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.