ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГУЛСАРА ЮСУФОВА”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоҳои фаъоли ҲХДТ дар ободонии маркази ноҳия фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Санаи 25-уми апрели соли 2024 аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулсара Юсуфова” Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи биноро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.