МАШҒУЛИЯТҲО ОИДИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон:  

Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -и ноҳияи Ёвон чорабиниҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ  Толибзода Абдураҳим-муовини Сардори  бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Мудофиаи граждании  дар ноҳияи Ёвон, ва намояндаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" Назуров Қутбиддин иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону хонандагон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ё ҳодисаҳои нохуш баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз  дарсҳои кушод доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додан, усулҳои муҳофизати ҳайъат ва ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуданд.
Тибқи сенария чорабинии таълимӣ бо садо додани бонги хатар хонандагон ва омӯзгорон ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.
Гурӯҳҳои наҷот тибқи дастурамал чорабиниҳои лозима, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадаро ба анҷом расониданд.
Дар рафти тамринҳо гурӯҳҳои ёрирасон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд ва чорабинии «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» аз ҷониби масъулин ва хонандагони муассисаи таълимии мазкур бо омодабошии хуб, дар сатҳи лозима ва бо риояи талаботҳо ва қоидаҳо зарурӣ гузаронида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштикчиён ҷиҳати дар сатҳи хуби омодагиҳо ва баргузор намудани чорабинӣ аз тарафи меҳмонон баҳои балан дода шуд.