ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Ёвон: Вокуниш  

Ба шарофати ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои давлату ҳукумат  нисбат ба соҳаи маориф сол то сол афзоиш  меёбад. Зеро кишварро танҳо кадрҳои соҳибкасбу  бомаърифат обод ва давлатро  муқтадиру  нерӯманд  мегардонанд.

      Рӯйдодҳои сиёсӣ ва муборизаҳои  геополитикии  солҳои  охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи номатлуби дониш, аз моҳияти равандҳои сиёсӣ  ва ҷангҳои иттилоотӣ бохабар  набудани мардум, метавонад ба густариши фанатизм ва вусъати ақидаҳои ифродӣ мусоидат карда , ҳамзамон ба амнияти миллату  давлат ва ҳифзи сохти конститутсионӣ хатар эҷод намояд.  Ба ин хотир, мо  вазифадорем, ки ба хонандагон пайваста аз пайомадҳои номатлуб ва ниҳоят хатарноки зуҳуроти  терроризму  экстремизм  тавассути суҳбату  вохӯриҳо  ҳушдор диҳем.

    Пешвои  миллат дар  маросими  ифтитоҳи  конфронси байналмилалии  сатҳи баланд дар мавзӯи “ Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии  хушунатомез” таъкид намуданд: “ Имрӯзҳо  гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо  созмонҳои диниву миллатгароми тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон  хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву  мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд.  Дар ин замина боз ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо истифода аз номи поки ислом ба  паҳншавии афкори исломситезӣ  ва бадбинии мусулмонон  мусоидат менамоянд.

      Ман борҳо таъкид  намудаам ва ҳоло бори дигар иброз  менамоям, ки террористу  ифротгаро  ватану миллат ва  дину   мазҳаб  надорад.  Террорист  террорист   аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ”  ё  “бегона” ва ё “таҳаммулгарову тундгаро” буда наметавонад. Хусусияти   глобалии хатари  терроризм ва ифротгароӣ  ҷиддан тақозо менамояд,ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои  ягонаву  умумӣ  таҳия ва қабул карда  шаванд.

     Мушоҳидаҳои  амалӣ  нишон  медиҳанд,ки  қувваҳои  тахрибкори  хориҷӣ  баҳри  расидан ба мақсадҳои нопоки худ дар мадди аввал аз нерӯи  наврасону ҷавонони маҳаллӣ истифода мебаранд, зеро онҳо аз лиҳози равонӣ ҳанӯз  ташаккул наёфтаанд ва афкори сиёсию иҷтимоии онҳо дар  марҳилаи инкишоф қарор дорад. Хонандагон бояд донанд,ки таблиғгарони созмону ташкилотҳои террористӣ бо истифода  аз эътиқоди динии аҳолӣ ба  воситаи суханбозӣ дар  атрофи мафҳумҳои”озодии эътиқод” “ демократия”,” таъмини ҳуқуқиинсон”,  “озодии  сухан” ва ғайра кӯшиш мекунанд,ки ҳиссинобоварии шаҳрвандонро нисбат ба сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ бедор созанд. Ин ҳама фиреби назар буда, зеро он ниятҳои ғаразноке нуҳуфтааст,ки мафкураи касро метавонанд заҳролуд намоянд ё сироят кунанд. Ҳангоми шунидани чунин суханониавомфиребона,чи аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ ва чи тавассути сайтҳои интернетии иғвоангез ва чи пахши наворҳорҳои таблиғотӣ бояд хеле ба хеле эҳтиёткор бошанд ва ҳар сухани онро ба тарозуи ақл баркашанд.

     Албатта , тӯли солҳои сипаришуда шоҳиди садҳо  ҳодисаву воқеаҳо гардидем,ба  рафтору гуфтори “ дӯстон”-у”ҷонибдорон”-и давлати демокративу ҳуқуқбунёд ошно  шудем, дигар ҳоҷат ба ҳеҷ  насиҳатгари  хориҷӣ ё амри  маъруфу наҳйи мункари воизон намондааст. Аз  солҳои аввали истиқлолият то чанд соли наздик зумрае аз ҳамватанони мо дар ҷумҳуриҳои исломии  Покистону Эрон, Миср, Арабистони  Саудӣ,Яман, Сурия ва дигар давлатҳои арабӣ мактабҳои диниро хатм намуда,ба ҷараёну равияҳои барои ҷомеа хатарнок пайвастанд. Гузашта аз ин,  дар марказҳои таълимии хориҷӣ баробари таълимоти динӣ ба ҷавонон тарзу усули  муносибат бо моддаҳои тарканда ва истифодаи намудҳои гуногуни силоҳро низ  омӯхтанд. Дар натиҷа, шахсиятҳо ва гурӯҳҳои  алоҳидае пайдо шуданд, ки бо баҳонаи тащсил ыавононро  барои гирифтани таълимоти террористь ба давлатщои хориыь интицол  менамоянд. Албатта, нияти онщо на  ислом,балки сӯйистифода ва бадном намудани дини мубини ислом аст. Тавре ки гуфтаанд:

                                Зиёни касон аз пайи суди хеш,

                                 Биҷӯянду  дин андар оранд пеш.

 Баъзе ҷавонону наврасон бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ,ё саёҳат аз тариқи кишварҳои мусоидаткунанда барои таҳсил дубора ба давлатҳои исломӣ бармегарданд.  Сабаби асосии ин зуҳурот,бешубҳа, таблиғу ташвиқи  доираҳои манфиатхоҳ ва нисбат ба намояндагони табақаи зиёӣ боло рафтани таъсиру нуфузи ходимони дину муллоҳои чаласавод дар ҷомеа мебошад.

      Ба ҳамин хотир,бояд таъкид намуд,ки барои таъмини амнияти давлат ва сохти конститутсионӣ,пешгирӣ намудани зуҳуроти  экстремистию  террористӣ, ки ба суботи ҷомеаи Тоҷикистон ва истиқлолияти давлатии он хатар эҷод менамоянд, аз муассисаҳои  ибтидоӣ сар карда   ,то сатҳи боло ҳамагон вазифадорем. Бо вуҷуди он ки маъною мафҳуми  терроризму экстремизм дар китобҳои  дарсии фанҳои”Таърих”,”Омодагии ибтидоии ҳарбӣ”,”Асосҳои таърих ва ҳуқуқ” ва ғайра  шаҳр дода шудааст, барои муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ҷомеа ба нерӯи бештар ниёз дорад.  Балки мебояд ҳамагон дар муқобили он сарҷамъ ва масул бошем ва бо далелҳои мушаххас ба хонандагон оқибатҳои даҳшатбори онҳо нишон диҳем. Маҳкум шудани теъдоде аз аъзоёну пайравони созмону ҷараёнҳои  экстремистию  террористии “ Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

       Тавре  ки мушоҳида мешавад, бархе аз ҷинояткорон қаблан барои ин аъмолашон  зиндонӣ шуда, дубора ба озодӣ баромадаанд,вале афсӯс ислоҳ нашудаанд. Албатта, дар ин кор ҳам гунаҳкорони асосӣ муҳити оилавӣ,падару модар ,наздикон, мураббияву устодони муассисаҳои таълимӣ,раисони ҷамоатҳо,имомхатибони масҷиди маҳаллаҳо ва бетарафии шаҳрвандон мебошад. Тавре ки мегӯянд “ муҳит  беҳтарин устод мебошад”. Ҳар яки мо  вазифадорем,ки фарзанд,бародар, дӯсти худро аз сирояти ин ақидаҳои носолим ҳимоя кунем ва сари вақт бонги хатар занем. Умуман, муҳити худро аз ҳуҷуми фарҳанги бегона, ақидаҳои  тунгароёнаву ифротӣ дар амон дорем. Ҳимояи афкори наврасону  ҷавонон  аз ақидаҳои носолим таъмини зиндагии  амн ва мусоидат ба фаъолияти муфид ба шумор меравад.

       Маҳз тарғибу ташвиқи афкори носолим буд,ки теъдоди ҷавонон дар низоъҳои бемаънӣ гумроҳона ба ҳайати “ Давлати исломӣ” ворид шуда,қисми зиёди онҳо қурбон ва қисми дигарашон ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардидаанд.Тавре ки мегӯянд,  “Ончӣ  аён аст,ҳоҷат ба баён нест”.он наврасону ҷавононимо,кифирефта гашта,ба ҳудуди кишварҳои ҷангзада,аз қабили Сурия,Ироқ,Афғонистон ва ғайра роҳ ёфтаанд, таълимдиҳандаи созмону ҷараёнҳои ифротӣ мебошаннд,ки пас аз мағзшӯйӣ ба ҳар роҳу васила ба майдонҳои набард фиристода мешаванд. Чунин ҷавонон ҳавою ҳаваси ҳар чӣ зудтарсоҳиби пулу моли зиёд,мошинуҷалоли ҳангуфт шуданро доранд.  Ҳамин тавр, зеритаъсири ҳавасҳои  нафсонӣ барои амалӣ сохтани орзуҳои хеш бо гурӯҳҳои ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ сару кор мегиранд.

         Ба хонандагон таъкид бояд кард,ки терроризм   ва экстремизм  ҳамчун хатарҳои асосӣ барои сулҳу амнияти ҷаҳон,аз ҷумла, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондааст.  Барои мисол,дар ҳодисаю рӯйдодҳое,ки ҷараёнҳои  экстремистию терористӣ  ҳамарӯза дар кишварҳои Сурия, Яман, Ироқ Ҷумҳурии исломиии Афғонистон,Ҷумҳурии исломии Покистон ва ғайра  анҷом  медиҳанд, теъдоди бешумори шаҳрвандони бегуноҳ талаф  мешаванд. Бад –ин васила ба наврасон то кадом дараҷа хатарнок ва даҳшатнок будани аъмоли экстремистию террористиро нишон дода,корҳои зишти онҳоро ошкор кардан лозим аст . чунин ҷиноятҳоро дар кадом шакле,ки набошанд, бояд маҳкум намоем. Мубориза бо ҳамин гуна зуҳурот вазифаи асосии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад.  Экстремизму терроризм мисли заҳрпечаке мебошад,ки метавонад нафарони ноогоҳу бетаҷрибаро фаро гирад ва насли наврасро аз зиндагии  солиму  ояндадор маҳрум созад.  Барои ашхоси ба ин беморӣ гирифторгаштаро падару  модар,ёру бародар,фарзанд,ҳамсар,агар ба андешаи ӯ созгор набошанд ё таслим нашаванд,ҳеҷ қадру қимате надоранд.  Ҳайати омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  донишгоҳу донишкадаҳои олӣ новобаста аз шакли таълиму тадрис ва мақому вазифа бояд пайваста оқибатҳои  даҳшатбори афкору аъмоли ин тоифаро ба наврасону ҷавонон шарҳ диҳанд.  Ғаразу ҳадафҳои ҷараёну равияҳои иртиҷоиро таъкид созанд.  Чунки онҳо тоифаи ифротиву хоине ҳастанд,ки бо истифода аз номи дин, дар иттиҳод бо дигар қувваҳои хориҷӣ шабу рӯз дар хаёли  барҳам  задани суботу оромии Тоҷикистонва кишварҳои осоиштаи дигар мебошанд.

     Дар аксари маврид, бинобар хурофотзадагӣ ва дониши пасти сиёсии баъзе пешвоёни динӣ маънии дунявиятро ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд.  Инро  баҳона карда баъзан  нафарони ба ном “Мулло”,  “худоотарсс”, вале дар асл  экстремисту ифротӣ  ба фаҳмиши худ, ба ниятҳои ғаразноку  пасипардагии худ ин  аҳдофро  ба муридони худ талқин мекунанд.  Дар натиҷа,барои ин тоифа ҳар амали пешгиррикунанда аз  ноамниву хурофот ҳамчун амали  зиддидинӣ маънидод  мегардад.

       Аз ин рӯ, бо  забони сода,одӣ,, фавҳмо бояд ба хонандагон фаҳмонем,ки ба иғвои доираҳои манфиатхоҳи ифротгаро ва мутаассиб дода нашаванд. Ҳолату вазъи ҷойдоштаро воқеъбинона мушоҳида ва таҳлил намуда,мавқеи созандаи шаҳрвандии худро  муайян созем.  Оқибатҳои бади амалҳои ҳамарӯзаи террористиву экстремистии дар гӯшаву канори сайёра рӯйдодаро бо чашми сар дида,ибрат гирем,маҳкум намоем,ҳушёр бошем,то ки дар ғафлат намонем.

Нурова  Басбӣ-аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон