САДРИДДИНИ АЙНИ АСОСГУЗОРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК.

Ёвон: Андеша  

Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувон,вилояти Бухоро ба дунё омадааст.

Падари устод Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт.

Саидмуродхоҷа ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷриба ҳаёташро ба писаронаш омӯзонад.

Садриддин дар шаш солагиаш ба мактаб меравад. Усули таълуми тарбияи он мактаб ақалан барои ёд гирифтани алифбо имконият надодааст, ки дар повести “Мактаби кӯҳна” нависанда онро тасвир мекунад.

“Чунон ки падарам дид, -менависад Садриддин Айнӣ дар “Ёддоштҳо”, -дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод ”. Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Собирро хонда дар даҳ солагӣ мактабро хатм мекунад.

Бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар байни чиҳил рӯз уро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айнии 12-соларо ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои бухоро дохил шуда ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин камбағалбачагони илмҷӯ хеле мушкил буд.Вале ӯ ба шарофати ҳавасманди ва толиби илм буданаш тамоми  душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек. Ҳоҷизоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст:яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қутти лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса ,гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашўй , гоҳ мардикор буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятиро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои  дорою нодорро дониши зиндагӣ меомӯхт. Аз соли 1896 Садриддин бо  тахаллуси адабии “Айнӣ” ба навиштани шеърҳои мустақилона сар кардааст.

Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа  кардани асари Аҳмади Дониш “Наводир-ул-вақоеъ” нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эъҷодиёти идеяҳои  пешқадами маориф-парварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода , роҳи ояндаи худро муайян намуд. “Тахзиб-ус-сибён” –ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезанад. Пас аз 52 рӯзе , ки дар беморхона муолиҷа мекунад ,Садриддин ба Самарқанд кучида меояд. Ӯ чї дар Самарқанд ва чї  дар Тошкент дар корҳои кумитаи револютсионї иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангї менависад, тарѓиботу ташвиқот мебарад.                                                                    

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда-

Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. “Марсия” –и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаҳою  рисолаҳо, асарҳои таърихї ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирї таърихан қонунист.

 Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд, истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққї кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш , дар чилсолагиаш эҷод намудааст. Барои хизматҳои адабї  ва ҷамъиятиаш Айнӣ бо се ордени Ленин, ду “Байрақи сурхи меҳнат” ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудааст.

Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологї бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи фанҳои РСС Ӯзбекистон тақдир карда шуда буд.

Айнӣ академики  Академияиилмњои Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустин президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 1958 инҷониб ҳар сол дар рўзи таваллуди нависанда маҷлиси илмии “Солонаи Айнӣ”барпо шуда,

материалҳои он дар маҷмўи махсуси “Ҷашнномаи Айнӣ” нашр мегарданд.Бисёр

деҳаву ноҳияҳо, кўчаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд.

Бо фармони Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муњтарам Эмомалии Раҳмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Устод Садриддин Айнӣ соли 1954  дар шаҳри Душанбе аз олам  чашм пўшид. Ҳоло  мақбараи Устод Айнӣ дар як ҷойи хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир боѓи Айнӣ мегӯянд.

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки  бо асарҳои хеш хазинаи асарҳои халқи тоҷикро ғанї гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айнӣ ҳамчун барои ҳамаи суханса- роён ҳақиқа-ти воқеї сарчашмаи асосии эҷодї буд. Ба

фарроши чашмгурўснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тағйиротҳои зиндагӣ на якбора равшан гардидааст. Роҳи Айнӣ бо сӯи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад.

Нависанда ба гузаштаи таърихии халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеї сахт алоқаманд буданд , хонандагони бешумореро пайдо намуданд.

Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсї буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд.Қиссаю романҳои нависанда:“Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”,“Ятим”,“Дохунда”,“Ғуломон”,“Ёддоштҳо”“АхгариИнқилоб”,“Тањзибуссибён” аз ҳаёти халқи аъзиятдида нақл мекунад.

Ғафоров Бойназар-аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон