ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ҚАРЗ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ-ин ташкили қувваҳои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ”, “Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ” “Дар бораи силоҳ”, “Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ”, “Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва дигар қонунҳое, ки дар самти сохторҳои низомии кишвар қабул карда шуданд. Яъне, дар мадди аввал санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори ташаккули Артиши миллӣ қабул гардид, ки мақсад, ӯҳадодирӣ ва самтҳои асосии ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳро муайян намуд.

Хизмати ҳарбӣ дар камолоти ҷавонон нақши муассир дорад. Аз давраҳои дури таърих то имрӯз ба пиндори халқу миллати мо, хизмати ҳарбӣ шарафу номуси ватандорӣ ва ё қарзу фарзи ҳар ҷавонмарди худшиносу бедордил аст. Андешаи он ки маҳз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ метавонад ҳар ҷавонмардро обутоб бахшида, ба зиндагии шоиста раҳнамун созад, сад дар сад дуруст аст ва аксар мардони ин сарзамин ин таҷрибаро аз сар гузарондаанд. Соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳири нав қабул гардида, як қатор тағйиротҳо ворид кард шуданд. Пеш аз ҳама Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Қонуни мазкур аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 5-и қонуни мазкур гуфта шудааст, ки ҳар як шаҳрванд бояд шаш зинаро гузарад, ки ин: 1) қайди ҳарбӣ; 2) омодасозӣ ба хизмати ҳарбӣ; 3) даъват ба хизмати ҳарбӣ; 4) адои хизмати ҳарбӣ; 5) дар эҳтиёт будан; 6) даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсус мебошад. Хизмати ҳарби чӣ афзалият дорад? Дар моддаи 6 омадааст, ки: “Ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият дода мешавад. Ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян ё машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват, ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ ифода меёбад”. Мо ки хизматчии давлатӣ мебошем, пеш аз ҳама оид ба уҳдадории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба таъмини иҷрои уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ки дар моддаи 10 –и ҷонун омадааст, мо бояд огоҳ бошем. Хушбахтона, дар муқоиса ба солҳои пеш ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран пайвастани ҷавонон зиёд мушоҳида мешавад. Агар омили ин раванд, аз як сӯ рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи буду бош дар қисмҳои ҳарбӣ ё умуман Қувваҳои Мусаллаҳ бошад, аз ҷониби дигар тағйир хӯрдани мафкураи ҷавонон дар ростои меҳанпарастию худогоҳӣ ва муҳити тарбияи онҳо ва дарки қонунҳои қабул гардида мебошад.

 

Меҳроҷи Абдулаким- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон