ҶОВИДОН БОД, НЕРӮЙИ ҶАВОНОНИ СОЗАНДА

Ёвон: Андеша  

Ҷавонон  дар  ҳама  давру  замон  қувваи  пешбарандаи  ҷомеа  буда,  ояндаи   миллату  давлат  ба  онҳо  вобаста  аст. Дар  давоми  33 соли соҳибистиқлолӣ   дар самти  баланд бардоштани  мақоми  ҷавонон  дар  ҳаёти  ҷомеа, муҳайё  сохтани  шароити  мусоид  барои  таълиму  тарбияи  онҳо, илму  касбомӯзӣ, аз  худ  кардани  забонҳои  хориҷӣ  ва  техналогияҳои   муосиру  итиллоотӣ тамоми  шароити  зарурӣ  муҳайё  буда, инчунин,  барои  амалӣ  намудани  ташаббусҳои  ҷавонон  аз  ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  заминаи  мусоид фароҳам  оварда  шуд.

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.         

Дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат вобатса ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ, сатҳи донишандӯзии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Агар соли 1991 70 ҳазор нафар машғули таҳисил буданд, пас имрӯзҳо он ба хеле боло рафта расидааст, яъне сатҳи донишомӯзии ҷавонон хеле зиёд гардидааст, ки аз азми қавӣ ва тамоюли устувори маърифати ҷавонон дарак медиҳад.

Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки “Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад”. Ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”  ва “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат” шаҳодати гуфтаҳои боло аст. Ҳадафи роҳбари давлат аз чунин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Зеро  муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон омӯзиши осори пурғановати бузургони гузаштаи худ мебошад.

Беҳуда нест, ки махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодоти ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд:

“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза намоянд. Ҷавонони созанда, ки нерӯи мудофиавии кишвар ҳисобида мешаванд, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзанд.

Ба кадом самте, ки назар афканем, хизматҳои ин марди хирадро баръало мушоҳида мекунем. Пешвои миллат бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ва самимияти хос баҳри шукуфоии ин сарзамин ҳамеша кӯшиш мекунанд ва ин ҳама иқдомоти наҷибу ояндасоз ҷавононро водор менамояд, ки ба кору амали эшон пайравӣ намуда, дар зиндагӣ ин марди наҷибро ки як нафар модари хуштолеъи тоҷик ба дунё овардааст, идеали хеш қарор диҳанд.

Ҷовидон бод, дӯстиву рафоқат ва нерӯи ҷавонони Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандони Пешвои тоҷикон!

Темурзода Фарзона, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон