ФАРЗАНДИ НАГЗ БОҒИ ПАДАР- ФАРЗАНДИ БАД ДОҒИ ПАДАР

Ёвон: Андеша  

“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст,  ба саодати  дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд, агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун ” Муҳаммад Ғазолӣ.

Дар воқеъ волидайн дар таълиму тарбия ва раванди инкишофи кудак нақши бениҳоят бузург дорад. Нахустин малакаи рафторро тифл аз волидайнаш меомӯзад. Дар навбати худ тарбия бояд ҷанбаи таълимӣ дошта башад. Фарзанд бо шарофати волидайн, таҷрибаи рафтору кирдор, одобу ахлоқи намуна, расму оини хонаводагиро аз бар намуда, бо суннатҳо, анъана ва тарзи муомилаву муошират ошно мегардад. Муҳити хонаводагӣ ва фазои фарҳангии он ба шахсияти кудак таъсири бузург мерасонад. Хонавода аз муҳимтарин рукни тарбия дар ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад. Волидайнро зарур аст, ки ба кудаки худ таълиму тарбияи дуруст диҳанд, чунки кудак ба ин ҳақу ҳуқуқи комил дорад. Агар падару модар фарзанди худро бо амалҳои нек, гуфтор рафтору намунавӣ тарбияи хуб дода бошад, фарзанд ҳам ба онҳо пайравӣ карда, дар ҷомеа корҳои хайрро анҷом медиҳад. Дар ин ҷода нақши модарон бештару бузургтар мебошад. Фарзанд барои инсон чун тухми ниҳоле аст, ки боғбонаш ба умед ба замин мешинонад, парвариш мекунад ва умед дорад, ки аз он ниҳоли шинонидааш ҳосили хуб ба даст оварад.

Фарзанд давоми умри инсон бошад.

Неруи дилу ҳаловати ҷон бошад.  

Падар ва модаре, ки дар таълиму тарбияи фарзандон беаҳмиятӣ зоҳир карда, бо рафтору кирдори худ боиси бадбахтии фарзанд мешаванд, бузургтарин хиёнатро муртакиб мегарданд. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз ва одобаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат ва давлат ба таълиму тарбияи фарзанд вобаста аст. Аз ин хотир, волидайни имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандустиву худшиносии миллӣ асос гузоранд.

Мудири бахши омори КИ ХХДТ дар ноҳияи Ёвон, Гурезова М.