МАЪРАКАИ КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЁВОН - А. ҶОМӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иқдомҳои ободкорӣ имрӯзҳо бо иштироки аҳолии ноҳия, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ маъракаҳои ниҳолшиноӣ ба ифтихори пешвоз аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома дорад. Чунин як маъракаи ободонию кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Ёвон- А. Ҷомӣ роҳандозӣ гардид, ки дар ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 450 нафар аҳолиҳои деҳаҳои Парчасой, Оли Сомон ва Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорон ширкат варзида, дар шоҳроҳи мазкур ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии деҳоти Обшорон роҳандозӣ гардид. Мардуми маҳаллаҳои мазкур дар чорабинии мазкур бо руҳияи баланди ватандорӣ иштирок намуда дар доираи Аксияи ҳизбӣ "Якҷоя месозем!"  зиёда аз 250 адад ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинониданд, ки ба ҳусни шоҳроҳи мазкур зебогии дигааре зам менамояд.