Ҷараёни вохӯрии роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор.

Восеъ:  

Вохӯрии роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо кормандони соҳаи маориф ва тиб дар ноҳияи Восеъ дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон низ иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оиди муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, доир ба бар намудани сару либосҳои миллӣ, хароҷотҳои бемаврид тибқи хилофи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии кишвар, саҳмгузор будан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дури ҷустан аз хуруфотпарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона ва  дигар масъалаҳои муҳиму мубрам андешаронӣ намуданд.