БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР СЕ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Восеъ: Ҳисобот  

Дар идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ва дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ин навбат дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Дандонпизишк”, “Ташаккули Тарзи Ҳаёти Солим”, ва “Маркази эмтаъминкуни”-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:              

1. Дар бораи  “Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ” дар  давраи ҳисоботӣ;                                                                                                                                                       2.  Дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ;

3. Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

4. Дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ;

5. Дар бораи  интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии 21-уми Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ;

6.  Масъалаҳои ҷорӣ

Дар аввал ҳисоботҳои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии болозикр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд.

Сипас масъулини ҳизбӣ баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дур будан аз бегонапарастиву  майл ба фарҳанги бегона ибрози андеша намуданд.

Дар идома ба ҷои Саъдуллоева Умеда, раиси ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк” Тоирзода Хайрандеш бо ҳамовозии аксарияти аъзоёни ташкилот ҳамчун раиси ташкилоти ибтидои интихоб гардид.

Бояд қайд намоем, ки кадрҳои ҷавони ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк” барои шомилшави ба сафи ҲХДТ аризаҳои худро пешниҳод намуда буданд ва зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳ.Р дар фазои тантанавӣ ба 13 нафар ҷавонони фаъоли ташкилоти номбурда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.