Ҳусейнзода Наврўз Ашур – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Ҳусейнзода Наврўз таҳсилро аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 шаҳри Левакант соли 1988 оғоз намуда, 1998 аз ба итмом мерасонад.

Соли 1998 ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ҳозира Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба факултаи иқтисодӣ дохил шуда, онро соли 2003 бо ихтисоси «Молия ва қарз» хатм менамояд. Баъди хатми Донишгоҳ бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, ки дар ҳудуди Ҷумњурии Тоҷикистон фаъолият менамуд шомил шуда, баъди яксол хизмати модар ватанро адо менамояд.

Соли 2005 фаъолияти кориашро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба сифати сармутахассиси шуъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар оғоз карда, дар ҳамин сол фаъолноки нишон дода, баъди 8 моҳи корӣ ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар таъин гардид. Дар вазифаи зикргардида то соли 2007 фаъолият намуда, сипас ба вазифаи сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бохтар таъин гардида баъди яксол яъне соли 2008 ба вазифаи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бохтар таъин шуда, то соли 2010 фаъолият намудааст.

Соли 2010 то соли 2011 дар вазифаи директори Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Бохтар фаъолият намуда, сипас ба вазифаи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бохтар таъин гардида, то соли 2014 дар ин вазифа фаъолият менамояд.

Аз соли 2014 то соли 2015 дар вазифаи сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар фаъолият намуда, аз соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳамзамон роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан» адои вазифа менамояд.

Дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва ҳамчунин роҳбари намояндагии Ташкилоти љамъиятии љавонон «Созандагони ватан» дар давраи фаъолияти кориаш бо ҷавонон ва аъзоҳои ТҶҶ «Созандагони ватан»  ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуда, ҳамарӯза барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон вохуриҳо ва чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ доир менамуд.

Маҳз фаъолияти хуби корияш буд, ки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон моҳи сентябри соли 2017 барои идома додани фаъолияти кориаш ба вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ, баҳисобгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи Ҳизби ХалҚии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин намуда ва то ҳол дар ин вазифа фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 2021 инҷониб ба вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.