САРБОЗИ ИХТИЁРӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ноҳияи Темурмалик чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан таманниёти худро ба наваскарон расонид. Инчунин, аз ҷониби падару модарон ва сарбозони оянда бахшида ба ин рӯз суханҳо гуфта шуд. Баҳри болидаруҳии ҷамъомадагон барномаи консертӣ баргузор гардид.