Ташаббуси роҳсозӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Восеъ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёт дар деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев сангфаршкунии роҳҳо ҷараён дорад. Бояд қайд кард, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон ва нафарони саховатпеша вобаста ба иҷрои корҳои ободони саҳми худро гузошта истодаанд.  

Дар натиҷаи иҷрои ташаббуси созанда беш аз  1,5 км куча ва роҳҳои байни деҳа сангфарш карда шуданд. Ин иқдоми созанда аз ҷониби мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳия мунтазам таблиғу ташвиқ карда мешавад.