ПАНДИ РӮЗ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Занеро шавҳараш бисёр бадқаҳр ва тез буд.
Занаш аз ӯ сахт метарсид. Солҳо мегузаштанд, аммо ҳеҷ на он тағйир меёфт, на ин ҷуръати муомилаи хуб кардан бо ӯ мекард.
Зан як ҷодугаре пайдо кард ва аз ӯ хоҳиш кард, то шавҳарашро бо ҷодуе ром созад.
Ҷодугар гуфт:
– Рав аз пашми гардани шер биёр, то дар он ҷоду кунам.
Зан гуфт:
–    Чи гуна биёрам аз пашми шер, ки ӯ як ҳайвони даранда аст, пора мекунад дар як мижа задан.
Ҷодугар гуфт:
–    Агар бихоҳӣ шавҳаратро бароят ром созам гуфтаамро мекунӣ.
Зан ночор розӣ шуду рафт. Як шере пайдо кард бисёр бадахшм. Муддати зиёд рафт дар тарбияи ӯ ва билохира он шер ром шуд. Зан аз пашми гардани шер гирифту назди ҷодугар омад. Ҷодугар дар ҳайрат афтод ва гуфт:
–Ту ки як ҳайвони дарандаи бадхашмро тавонистӣ ром созӣ пас чӣ гуна шавҳаратро, ки инсон аст, ром карда наметавонӣ?!

Гирдоваранда
А. Муборакшоҳ, аз саҳифаи фейсбукии дустон