Давлати поянда

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Нурбигул Мусоева, зани ҳунарманд ва дар зиндагӣ комёбу устувор аст, зеро аз рӯзҳои аввали оила барпо карданаш дар таъмини рӯзгори хона саҳми арзанда мегузорад. Ӯ сокини Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон буда, тӯли 30 сол боз ба қуроқдӯзӣ, гулдӯзию шерозбофӣ  машғул аст. Гарчанде синнаш ба 68 расида бошад ҳам, зиндагӣ бо ҳунар барояш рангин аст.

Нурбигул ин ҳунарҳоро аз модараш омӯхта, ба фарзандонаш омӯзонида истодааст, зеро ба гуфтаи ӯ гулдӯзӣ аз ҳунарҳои қадимиест, ки бонвони тоҷик онро аз насл ба насл мерос мегузоранд.
 

– Вақте хонандаи мактаб будам, бибӣ ва модарам бештар чодарӣ, локӣ, болишт, тоқӣ медӯхтанд ва кори онҳоро дида ҳавасам меомад, ки ин ҳунарҳоро аз бар намоям. Модарам ба ман матои сафед ва риштаву сӯзан доданд ва гуфтанд, ки духтар бояд ҳунарманд бошад ва то ҳол сухани модарам аз хотирам намеравад. Дар раванди зиндагӣ ҳунарҳои омӯзонидаи модарам лозим шуданд. Талош кардам, то ҳадди имкон дар таъмини рӯзгори хонавода саҳми худро гузорам”,– мегӯяд Нурбигул Мусоева.

Чуноне ӯ гуфт чодариҳои калону зеборо дар ин деҳа танҳо ӯ медӯзад. – Ҳеҷ кор осон нест, аммо чун талабгорони маҳсули заҳматам зиёданд, мушкилиҳо дар чашм наметобанд. Чодариҳоямонро навхонадорон барои ороиши хонаашон харидорӣ мекунанд, –иброз дошт ӯ. Ин зани ҳунарманд шукронаи онро дорад, ки фарзандонаш дар фазои сулҳу оромӣ илму ҳунарҳои гуногунро аз бар намуда, роҳи худро дар зиндагӣ пайдо карда истодаанд. Дар ин шабу рӯз ӯ ҳамроҳи духтару келинҳояш фармоишҳои наварӯсонро иҷро намуда, ба ин васила рӯзгори хешро пеш мебаранд. Тавре мусоҳибамон қисса мекунад, онҳо рӯзе  то чанд курпаву болиштро дӯхта, пешкаши мизоҷонашон мегардонанд.
 

Холаи Нурбигул Мусоева соҳиби даҳ фарзанд – 6 духтару 4 писар мебошад. Духтарон аз овони наврасӣ пешаи модарро омӯхта, баъди оиладрор шудан ин ҳунари меросиро дар хонаҳои худ пеш бурда истодаанд. Гоҳе ки ба дидорбинии модарашон меоянд ба корҳои ӯ мадад расонида, ҳамзамон, ҳунару маҳорати худ-ро такмил медиҳанд.
 

– Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021, “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” кори мо, ҳунармандон боз ҳам ривоҷу равнақ пайдо кард, зеро баробари таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ талабот ба либоси миллӣ зиёд шуда истодааст, ки ин манбаи даромад барои мо ҳунармандон мебошад, – мегӯяд Нурбигул Мусоева.
 
Раҷабгули Абдурашид, коромӯзи нашрияи
“Ҳамрози халқ”