Мактаби сиёсии пешвои миллат

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи истиқбол аз ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 24-уми июни соли равон дар шаҳри Бохтар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” доир гардид. Дар Конференсия олимону муҳаққиқон ва унвонҷӯёну пажӯҳишгарони риштаҳои гуногуни соҳаи илм вобаста ба мавзӯъҳои мавриди таҳқиқоти илмӣ маърӯза карданд.

 Дар Конференсия муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Нахсут, раиси вилояти Хатлон, узви раёсати Кумитаи Ииҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи Тоҷикистонро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд.
 

Раиси вилоят дар идомаи суханронӣ гуфт, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
 

– Як нуқтаи дигарро ёдовар мешавам, ки воқеан ҳам баёнгари мардумнавозӣ ва ихлосу маҳбубияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқ мебошад. Тайи ин муддат дар мушкилтарин ҳолатҳо ба дурдасттарин нуқоти кишвар сафар карда, бо вазъи зиндагии мардум бевосита шинос шуданд. Аз забони мардуми манотиқи дурдасти кӯҳистон шунидаем, мегуфтанд, ки дар 70 соли замони Шӯравӣ ягон роҳбари аввали ҷумҳурӣ боре ҳам ба назди онҳо наомада буд. Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил дод,– иброз дошт раиси вилоят.
 

Сипас, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баромад намуда, аз ҷумла, иброз дошт, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш дар ин маврид таъкид доштанд, ки “Баланд бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди итеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти иноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим аст”...
 

– Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳии давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле назаррас аст. Роҳи ноҳамвори давлатсозии Пешвои миллат дар мактаби сиёсии пурғановати маънавиаш оини нав — мактаби сулҳофариро таҳия намуда, таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кард. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути неруҳои созандаи худ чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таҳия ва арзёбӣ менамояд. Ин рисолат дар ду тамоюли ташкили қудрати сиёсӣ давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад, – иброз дошт Азизӣ Абдуҷаббор.
 

Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор дар идомаи суханронии хеш ёдовар гардид, ки аҳамиятнокии мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун замина барои ташаккулдиҳӣ ва рушди идеологияи миллӣ дар он аст, ки бо такя ба ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Сарвари кишвар дар ҳошияи татбиқи барномаҳои пешазнитихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбар, поягузори сиёсати давлатӣ омода аст. Дар ҳолати имрӯза дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, онҳо дар 6600 ташкилотҳои ибтидоӣ ва 72 кумитаҳои иҷроия дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муттаҳид гардидаанд. Яъне, ин иқтидори институтсионалӣ – Мактаби сиёсии Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҳамчун пешоҳанг дигар сохторҳои идеологиро муттаҳид намуда, ҷиҳати ташаккул, татбиқ ва рушди устувори идеологияи сиёсӣ ва ҳам идеологияи миллӣ сафарбар намояд.
 

Баромадкунандагон иброз дош-танд, ки баргузории Конференсияи мазкур дар таърихи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон падидаи фараҳбахш ва муҳиму саривақтӣ аст. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ҳар як андешаву пешниҳоди созандаро, ки ба рушди устувори Тоҷикистон равона гардидааст, мавриди амал қарор медиҳад. Аз ин рӯ, ҳадаф аз баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” низ таҳкими асосҳои илмиву методӣ ва амалии фаъолият дар татбиқи ҳадфҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ-пойдевори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, маҳз бо ин роҳ метавон ба рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи мардум мусоидат намуд.
 

Гуфта шуд, ки барои ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандиву худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин, ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) амалисозии лоиҳаи мазкур, яъне, таъсиси Маркази илмию тадқиқотии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад.
 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳадафи пешгирифта аз ҷониби субъектҳои ваколатдори давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, олимону муҳаққиқони кишвар дар татбиқи амалии вазифаҳо ва ё тавсияҳои пешбинигардида, зимнан, ҳалли мушкилоти муайянгардида муттаҳид шуда, фаъолияти самараноки Мактаби сиёсии Пешвои миллатро таъмин намуда, асосҳои идеологияи миллиро ташаккул дода, баҳри таҳкими иқтидори зеҳнии аҳли ҷомеа ва рушди сармояи инсонӣ дар кишвар саҳмгузор мегарданд.

Заҳмат бе подош нест

Дар доираи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии "Мактаби сиёсии Пешвои миллат", ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, як қатор пешсафони дар татбиқи амалии ҳадафҳои ҳизбӣ саҳми фаъолдошта, қадршиносӣ шуданд. Дар ин рӯз ба Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Далвлатҳои Мустақил ва ба як қатор фаъолони дигар Сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон супорида шуд.
                     
Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ №3–2022  

Идомаи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба таври гурӯҳӣ доир гашт.
Дар маҷмӯаи илмӣ №3 –2022-и “Мактаби сиёсии пешвои миллат” 58 мақолаи илмӣ дар чаҳор бахш “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ” (30 мақола),  “Иқтисодиёт ва энергетика” (14), Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (10), Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ (4) мақола нашр гардиданд.
Маҷмӯаи мақолаҳо аз 436 саҳифа иборат буда, таҳияи он аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  сурат гирифтаст.

 “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”

Дар бахши “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ” 30 мақолаи илмӣ: мақолаи Азизӣ А.А. – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи “Зарурат ва моҳияти таъсиси маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат»; Миралиён Қ.А. – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав дар мавзӯи “Сиёсати идоракунӣ дар Тоҷикистон: ташаббусҳо дар роҳи рушди устувор (дар мисоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон)”; Холиқзода А.Ғ.–директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Одиназода Р.–директори муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар мавзӯи “Идеология ва ё мафкураи миллӣ ҳамчун василаи устувори муқовимат бо таҳдидҳои берунӣ”; Муҳаммад А. Н.–ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор дар мавзӯи “Ваҳдат – тавоноӣ ва сармояи бузурги миллӣ”; Шоҳиён Н. Н.–доктори илмҳои педагогӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзӯи “Мактаби сиёсӣ ва саҳми беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон”; Хидирзода М.У.–доктори илми фалсафа, профессор, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Идеология мира и ее консолидирующая сила в Таджикистане”; Сафарбекзода Ҳ.С. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи Сарвари сиёсӣ дар шароити Тоҷикистони муосир”; Мирализода А.М. – доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзӯи “Фарҳанги сулҳофарии Пешвои миллат – заминаи эҳёи ваҳдати миллӣ ва бақои истиқлоли давлатӣ”; Мирзозода И.Х.–раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, унвонҷӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯӣ “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби камолоти пайравони Пешвои миллат”; Набизода В. М. – профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон – самараи иҷлосияи тақдирсоз”; Олимзода М.А. – унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат: роҳу усулҳои мусолиматомез дар бартарафсозии низоҳои дохилӣ дар таҷрибаи Тоҷикистон”; Зиёева З.И.– номзади илмҳои фалсафа, ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва шароити фарҳангӣ”; Муҳамадизода М. Б. – устоди кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Заминаҳои оғози музокироти миёни тоҷикон оид ба оштии миллӣ”; Раҷабализода С.Р. – омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат нисбат ба ҷавонон ва заминаҳои рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон”; Нигматов Н. И. –  доктор (PHd), дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Пешвои миллат ва бузургдошти нобиғагони миллати тоҷик (дар мисоли Камоли Хуҷандӣ)”; Маҳкамова Д. Ю. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ дар афкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”; Кучарова Н. А.  – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафед-раи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи "Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун такконбахши бунёди НБО-и Роғун (дар мисоли публитсистикаи Шералӣ Мусо); Сафарзода М.А. –  номзади илмҳои филологӣ,  муаллими  калони кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва шаклгирии унсурҳои нави имиджи ҷавонон тавассути озмунҳои ҷумҳуриявӣ”; Маҳкамов С. С. – муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон: таърих ва дурнамои фаъолият”; Раҳмонов М. – ходими калони илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ дар мавзӯи “Тавсифу нақши Президент ва Ваҳдати миллӣ аз забони аҳли адаб”; Шарипов С. И. – номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушду оммавияти тарбияи ҷисмонӣ”; Ғуломова С. –  омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва ҷавонон”; Саидзода Д. А. - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Нақш ва мақоми Сарвари сиёсӣ дар раванди оштии миллӣ”; Саидзода Ш.Ш. –  номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷойгоҳи мактаб дар ташаккули донишҳои сиёсии наврасону ҷавонон”; Абдуалиев Б.С., Обидҷони Ш.Қ., Изатуллоева Д.Р., Билоли Ҳ. – устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз, эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ”; Исматзода Ш. – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Квотаи президентӣ – ташаббуси муҳими пешвои миллат дар даврони истиқлол”; Шералиев Л. Н. –  ассистенти кафедраи иқтисодиёти КАС Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуалимов З. А. – корманди Кумитаи варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат: роҳу усулҳои мусолиматомез дар бартарафсозии низоҳои дохилӣ дар таҷрибаи Тоҷикистон”; Наимов М. Р. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, муовини сардабири нашрияи «Минбари халқ»дар мавзӯи “Заминаи рушди ҷомеаи муосир – идеологияи созанда”; Мирзоашрафов П. – мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, номзади илмҳзои таърих дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи олам”; Маъмурова Г.К. – номзади илмҳои фалсафа, муаллими калони кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи “Славный герой таджикистана - основатель мира и национального единства Лидер нации, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон” чоп гардиданд.

Иқтисодиёт ва энергетика

Дар ин бахш мақолаи Исозода Д.Т., Ализода А. А. – устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди иқтисодиёти сабз дар Тоҷикистон”; Набизода Э. Қ. –мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДБ ба номи Н. Хусрав дар мавзӯи “Инноватсия - омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир”; Шарифзода Г.М. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, унвонҷӯ дар мавзӯи “Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Ҷаҳон-гири А., Обидҷони Ш. – устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Лоиҳаи СASА-1000–омили ноил шудан ба ҳадафҳои энергетикӣ”; Юсупова З.Р. – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Изатуллоева Д. Р. – ассистенти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самтҳои ташаккули фарҳанг ва таълими иқтисодӣ”; Берман В.П. – доктори илмҳои техникии Институти гидроменологияи Академияи миллии фанҳои Украина, шаҳри Киев, Фадеичев В.В. – номзади илмҳои техникӣ, Институти гидроменологияи Академияи миллии илмҳои Украина, Киев дар мавзӯи “Использование полимерных добавок для снижения энергозатрат в системах капсульного гидравлического трубопроводного транспорта”;  Ҷӯраев Ш. Ҷ. – номзади илмҳои техникӣ, муаллими калони кафедраи электроэнергетикаи филиали Донишгоҳи миллӣ – тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Дастовардҳои энергетикии замони истиқлолият”; Шоҳиён А. М. –номзади илмҳои иқтисодӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Омилҳои иҷтимоии ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон”; Қосимов Б.И., Аминов Д.С., Шарбатов Н.С., Саидбеков З.Х. – муаллимони кафедраи стансияҳои электрикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Моделирование и оптимизация синхронного генератора с постоянными магнитами для малых гидроэлектростанций”;  Ҷаҳонгири А., Обидҷони Ш. – устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сохтмони НБО-и Роғун, қадами устувори расидан ба истиқлолияти энергетикӣ”; Давлатзода А. – сардори Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва машварат дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Сафаров Ё. - унвонҷӯи кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Системаи ташхиси тестии натиҷаҳои таълим дар тафтиши дониши донишҷӯён бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ”; Абдураҳмонов А.Я. – муаллими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, Исозода Д.Т, Абдуллоев Б.Т, Одинаев Н.Х. – муаллимони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Электробезопасность при проведении монтажных работ и эксплуатации солнечных фотоэлектрических станции”, Саидов Р. Н. – устоди кафедраи аудит ва ревизияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар деҳот омили баландбардории сатҳи даромадҳои аҳолӣ”; Ҷаҳонгири А., Обидҷони Ш. – омӯзгорони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Строительство CASA - 1000 фактор достижения стратегических целей” чоп гардиданд.  

Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Муртазозода Ҷ.С. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ваҳдати миллӣ: нақши Эмомалӣ Раҳмон”; Ализода А.А. – мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Исозода Д .Т – ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавзӯи “Идеология ва ё мафкураи миллӣ ҳамчун василаи устувори муқовимат ба таҳдидҳои берунӣ”; Шамшерзода К. Ҷ. – унвонҷӯи кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамчун омили рушд ва субот”; Ализода Н. – муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи “Эффективное государственное управление и укрепление верховенства права – ключевые задачи национальной стратегии развития республики таджикистан на период до 2030 года”; Ҳаётзода А. Б. – унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нигоҳи сиёсиву ҳуқуқии ҳизбҳои сиёсӣ дар заминаи қонунгузории кишвар”;  Бобоева И.А. – омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯҳои “Нақши таҳаммулпазирӣ ва хештаншиносӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ”, “Сулҳ ва таҳаммулпазирӣ – омили муҳими ҷаҳонишавӣ”;  Муродзода У.У. –ассистенти кафед-раи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Давронов И. О. – магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;  Эркаев С.А. – дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҶТ, Муҳаммадзода Ф. – муҳаққиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров дар мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсози XYI ва давлатҳои хориҷӣ”; Салим С. – унвонҷӯ, мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ-и Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар мавзӯи “Ҳифзи иттилоот аз киберҷинояткорӣ ва таҳдидҳои шабакавӣ” мақола нашр намуданд.

Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ

Дар бахши Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ мақолаҳои илмии Давлатзода С.Х – ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор дар мавзӯи “Ислоҳоти аграрӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва кафолати зиндагии шоистаи мардум”; Назирӣ Г. Н. –вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Шодизода П. Ш. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Такмили механизмҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: тадбирҳои созанда”; Назирӣ Г. Н. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, Шарифӣ Ф. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини раиси вилояти Хатлон дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ”;  Қодирова Н.Ш. - доктарант (PhD), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди босуботи саноати кишвар”  нашр гардиданд.

Лозим ба зикр

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи илмӣ – амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 нафар олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғараи ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуда буд.
Маҷаллаи илмию таҳлилии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» таҳти рақами мушаххаси 77628 шомили китобхонаи электронии ELIBRARY.RU / РИНЦ мебошад.  

 

Ҳамчунин, маводҳои ёрирасон аз рӯи мавзӯи Конференсия дар сомонаҳои расмӣ - http:// hkhdt.tj, https: //hkhdtkhatlon.tj ва китобхонаҳо ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ маҳфуз мегарданд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти  
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон