Оромии ватани маҳбубамонро ҳеҷ як афроди ҷиноятпеша наметавонад халалдор созад.

Восеъ: Вокуниш  

Таъмини сулҳу суботи кишвар ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Пешвои миллат ҳамеша барои ҳифзи якпорчагии кишвари азизамон ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу суботи он талош мекунанд.

Аммо гурўҳе аз афроди ҷиноятпеша мехоҳанд рахна бар оромии кишвар зада зиндагии осоиштаи мардумро халалдор созанд. Онҳо ҳамарӯза бо барномаҳои сохтаву бофтаи худ мехоҳанд тафаккури мардуми бофарҳанги тоҷикро бо фикру андешаҳои бад ғуборолуд кунанд. Дар барномаҳои бемантиҷу бемаънои худ ба қавле аз пашша фил месозанд. Онҳо шарм надошта санги маломатро бар сари миллати худ мезананд. Ин тоифа шахсонро ҷомеаи мо кӯрнамак менамонд. Аммо мардуми бофарҳангу тамаддунофари миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фирефтаи дурӯғу дасисаҳои бешарафон нахоҳанд шуд. Зеро он шахсон зархариди хориҷиён мебошад, ки мехоҳанд бо иғвоангезӣ ва барангехтани кинаву адоват нисбат ба давлату ҳукумат вазъро мураккаб гардонанд ва ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд. Аммо ин хаёли онҳо пучу хом аст.

Мо як ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст ва ҳазорон маротиба шукронаи тинҷиву оромии ана ҳамин ватанро мекунем, барои ҳифзи ин кишвари муқаддас талош меварзем ва намегузорем, ки душманон рахна бар сулҳу оромии ватани муқаддасамон зананд.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ