ВАҲДАТ- БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Муъминобод: Андеша  

Аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту панҷ сол сипарӣ гардид.    Ваҳдати миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рузҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намудаанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз назари воқеӣ ба оламиён нишон дод, ки ба роҳи сулҳу ваҳдат омадан мактаби ибратомӯз буда, барои ҳама халқу миллате, ки гирифтори ҷанг ва бесомониҳо мебошад, намунаи ибрат хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро метавон ҳамчун таҷрибаи нави сулҳи тамоми халқҳо ишора кард. Мо имрӯз метавонем бо ифтихори бузург изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад,ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бо фарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рузҳои аввали сарвари давлати тоҷикон интихоб шуданашон чунин сухани воло гуфта буданд: " Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам".

Дар кӯтоҳтарин фурсат хомуш кардани оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дастоварди таърихии Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ чун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид. Тоҷикистон кишварест,ки бо шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат ба сӯи қуллаи музаффариятҳо қадам мегузорад.

Ваҳдат ҳамчун муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибатҳои некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад.  Мо ҷавононро мебояд баҳри пойдор ва побарҷо мондани ваҳдати миллии сартосарӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем, то ба қадри ин неъмати бебаҳо расида бошем.

 

Саидҷон Исломзода,-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод