МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24- и ҷамоати деҳоти Пушинг деҳаи Алиҷон, бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд.

Муассиса барои соли хониши 2022-2023 омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегирад.