МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ҶАНУБ

Бохтар: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ҶАНУБ» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок намуд.

Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ҶАНУБ» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд.

Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ШАБАКАҲОИ БАРҚИ ҶАНУБ аз сари нав интихоб гардида, 4 нафар аъзои ҳизб тариқи овоздиҳӣ ба конференсияи 25-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардиданд.

Сипас дар идомаи маҷлис Саидзода Раҳмон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, суҳбат намуданд.