Террорист, ватан, забон ва дин надорад.

Восеъ: Вокуниш  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад». Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Бояд қайд намоем, ки аксарият ҷавонони гумроҳ фирефтаи дурӯғу дасисаҳои гурӯҳҳои террористӣ мегарданд. Сабаби асосии ин доштани саводи кам ва истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ мебошад. Зеро шабакаҳои интернетӣ дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, забономӯзӣ, таблиғи арзшҳои фарҳангиву туризм, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Яъне аз ин имконият гурӯҳҳои манфиатҷӯи сияҳкор сӯистифода намуда, мақсадҳои худро аксарият миёми ҷавонони гумроҳу сода таблиғ мекунанд.

Дар охир гуфтаниям, ки мо, аҳли ҷомеа ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода буда, сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем ва баҳри тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, дур будан аз гурӯҳу кирдорҳои номатлуб саъю талош менамоем.

Сафар Ҳ.Р.- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ