Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барқчиён”

Темурмалик: Ҳисобот  

Дар таърихи 29-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барқчиён” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз руи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

  - ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

  - тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

  - интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

  - интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои  ҲХДТ  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

  -  масъалаҳои ташкилӣ.

     Раҷабзода Маҳмадсаид дар баромади худ вобаста ба истифодаи самараноки замин, аз як замин гирифтан ду се ҳосил ба шунавандагон таъкид намуданд.

Дар маҷлис 30-нафар аъзоёни ҳизб иштирок доштанд. Бо таклифи иштирокчиён Исматов Ҳасан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.