Ниятҳои ғаразноки нохалафон ҳаргиз амали нахоҳанд шуд.

Восеъ: Вокуниш  

Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳapгyнa ҳизбу харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди Гуруҳи 24, ТЭТ ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошанд. Маҳз ҲНИТ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад ва тазоӽурот карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба  Гуруҳи 24,  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгаронро нишон диҳем. Арзишҳои  милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни  ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, кишвари азизи худро дар арсаи ҷаҳон муаррифи намоем. Дар пайрави аз сиёсати сулҳхохонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳама якҷоя муттаҳид шавем ва нагузорем, ки нохалафон миёни сокинони дӯсту бародар ҳисси бадбинӣ, кинаву адовату нафратро бедор созанд.

Иботов Диловар, Мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ