Мактаби сиёсии Пешвои миллат - мактаби созандагию бунёдкорӣ

Ховалинг: Вокуниш  

Санаи 23-24 июни соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ Конференсия байналмилалии илмию амалӣ   шуда гузашт.Зери мафҳуми мактаб кас муассисаи таълимӣ ва илмиро дар назар дорад. Мактаби сиёии Пешвои миллат бошад, маънои васеъ ва доманадор дорад. Ин мактаб фарогири корҳои татқиқотии амалӣ вобаста ба фаъолияти сиёсию идеологии Пешвои миллат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали қадам ба арсаи сиёсат гузоштан дар ташаккули рукнҳои сиёсии ҷомеаи соҳибистиқлол бо як усули хоси сиёсӣ амал намуд, ки бо мурури замон таҳти сарпарастии ӯ ва пайравонаш дар шоҳроҳи ноҳамвори давлатдории миллиамон то ба як мактаби бузурги сиёсӣ такмил ёфт. Иштирокчиёни ин мактаб дар баробари олимон, ҳамчунин сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ ва хизматчиёни давлатӣ  мебошанд ва асоси фаъолияти татқиқотии онҳоро амалкардҳои созанда ва ибратомӯз, мушоҳидаҳо, таҳлилҳои оморӣ ва систематикӣ, мониторинг, таҳлили дедуктивӣ ва индуктивӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ, озмоишҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ ва ғайра ташкил медиҳанд 

Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар шинохти Мактаби сиёсии Пешвои миллат кори шоистаро ба анҷом расонид.

Ҷалолидин Қаюмов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.