Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «ҷ/д 20-солагӣ»

Вахш: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷ/д 20-солагӣ» и ноҳияи Вахш иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш муҳтарам Маҳмадов Одилҷон  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. 

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, сипас аз навинтихобкунии раиси ташкилоти ибтидоӣ тибқи тартиб гузаронида шуд. Аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ барои пешбурди фаъолияти кори ташкилот фикру андешаҳои худро иброз намуда, қайд намуданд, ки баҳри иҷрои дастур ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ сидқан фаъолият хоҳанд кард.