МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Кушониён: Андеша  

Вақте сухан ва баромадҳо дар бораи Истиқлолияти давлатӣ меравад, пеши назар як ҳиссиёти наҷиби баланди худшиносӣ ва ватандорӣ вонамуд мегардад. Яке аз иқдомҳои хубу наҷибе, ки дар сиёсати давлатдории имрӯзаи мо ба он аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи имрӯза буд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ занон тавонистанд дар дилхоҳ донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсили илм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин катбонуи беҳтарин, корманди кордону фаъол, роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушунҳои сарҳадӣ низ имрӯзҳо дар бари мардон рост истодаву фаъолияти худро идома дода, саҳми бағоят бузурги худро дар пешрафти ватану осоиштагии миллат расонида истодаанд.

Таҳлилҳои фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки дар ҳақиқат занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши басо бузургу назаррас доранд, барои ин маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду меъёрҳои дахлдор нисбати мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расидааст.

Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010», «Тарбия интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин санаду меёрҳои дигареро номбар кардан мумкин аст, ки барои озодона кору фаъолият кардани занон дар корҳои давлатӣ қабул гардидаанд.

Дар саҳифаҳои таърих симои зани тоҷик ҳамчун зани ҳалиму меҳрубон сулҳовару фарҳангпарвар, сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманд ҳунарманду кордон тасвир ёфтааст. Умуман, барои ояндаи дурахшону зиндагии осоишта оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик саҳми сазовор дорад.

Нурализода Малика, Мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён