ТАЪКИДҲОИ ҲАМЕШАГИИ САРВАРИ ДАВЛАТ–БАҲРИ БЕҲБУДИИ ЗИНДАГӢ

Кӯлоб: Андеша  

 

Тавре маълум аст, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии бо суръати кишвар ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. 

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳимми давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.Талошҳои давлат ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ба мардум ин пеш аз ҳама баҳри солимии ҷомеа равона шудааст. Яъне ҳар қадаре, ки бозорҳои мо аз лиҳози экологӣ бо маводҳои озуқавории тару тоза таъмин бошанд, ҳамон андоза солимии мардум хубтару беҳтар мегардад. 

Бояд ёдрас шуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлоли мардум аз нарасидани маводи хӯрока танқисӣ доштанд. Зеро он давраҳо барои мардум бисёр мушкилу душвор буд.

Ҳамин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини роҳбарии хеш, барои баровардани мардум аз фақру камбизоатӣ ба ҳар хонаводаи кишоварзон замин бахшида буд, ки имрӯз ба унвони “Заминҳои президентӣ” шинохта мешаванд.

Маҳз ҳамин ғамхориҳои Пешвои миллат буд, ки то ба имрӯз аз ин заминҳо самаранок истифода бурда, барои таъмини зиндагии шоистаи худ камари ҳиммат мебанданд. Агар аз як тараф зиндагии худро пеш баранд, аз тарафи дигар бошад, барои содирот ба дигар давлатҳо фиристода мешаванд.

Имрӯз барои деҳқонон ва хоҷагидорон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Тамоми техникаву таҷҳизотҳо барои истифода бурдани замин мавҷуд аст. Фақат заҳмат кашидану зиндагии худро беҳтару хубтар кардан лозим аст.

Занону бонувони мо имрӯз аз намудҳои гуногуни меваҳои тару тоза барои захираи зимистона консерваҳо омода намуда истодаанд, ки то дар фасли сармо аз лиҳози хӯрока танқисӣ накашанЗеро камборишоту беобӣ дар аксарият гӯшаву канори дунё ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат барои таъмини амнияти озуқаворӣ санаи 18.06.2022 дар мулоқоташон бо сокинони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара дастуру супоришҳои махусус доданд то заминҳо самаранок истифода бурда шаванд, чун дар лаҳзаҳои мушкил мардумро ба ғалладона таъмин карда тавонем.

Илова Бар ин, таи ду соле, ки бемории сироятии КОВИД-19 хуруҷ кард, боис бар он шуд, ки тамоми мамлакатҳои дунё ба мушкилиҳои зиёди иқтисодиву ичтимоӣ дучор гарданд.

Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин бемор бе таъсир намонд. Хушбахтона, ин мушкили ҳам паси сар гардид ва ҳоло мардумони дунё ба ҳолати муътадил баргардиданд. Лекин барои пурра ба ҳолати беҳтарин расидан вақт лозим аст. Чун ин беморӣ зарари зиёди иқтисодӣ ба ҳама давлатҳо расонидааст.

Дигар, ин ки имрӯзҳо вазъияти ноустувори иқлим ба назар мерасад. Яъне гармии зиёди боду ҳаво, камборишот ва дигар омилҳое, ки барои кишту кор таъсири манфӣ мерасонанд, ба назар мерасад. Доир ба ин низ борҳо Сарвари давлат таъкидҳои судманд карданд. Дар чунин ҳолат дар баробари хоҷагидорону деҳқонон ҳар фардеро, ки замини наздиҳавлигӣ доранд бояд онро самаранок истифода намоянд. Ҳар чизе имкон дорад, бояд дар шароити хона кишту кор кард.

Мешавад дар заминҳои наздиҳавлигӣ гармхонаҳо ташкил карда, дар он кишту кори доимиро ба роҳ монд. Зеро сокинони одии Чин дар баробари деҳқонон худашон дар хонаҳои истиқоматиашон як ваҷаб заминро кишту кор мекунанд. Ҳатто нафароне, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ доранд, дар қуттиҳои махсус ҳаргуна сабзавотро парвариш мекунанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар қариб ягон вазъ аз норасоии озуқаворӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ намегарданд. Обу боди ҳавои Тоҷикистони азизи мо барои парвариши ҳамагуна зироатҳо мусоид мебошад. Дар ин маврид аз мо танҳо малака, хоҳиш ва ҳафсала лозим асту бас.

Мунаввараи Бозоралӣ–мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб