МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шаҳри Бохтар санаи 24 июни соли 2022 Конференсияи сеюми байналмилаии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» доир гардид.

«… баланд, бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд» иброз менамоянд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш (14.10.2019). Дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия бо илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поягузори рушди устувор, самарнокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф унвон гирад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад. 

Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи рушди мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.

Ҳамин тариқ, бо манзури таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ ташаббус гардид. Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар ш.Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ»«Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80 мақолаҳои илмию таҳлилӣ ширкат намуданд.​​​​​​​

Ин навбат, Конференсияи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, ки заминаи асосии пешрафти кишвар ва муттаҳидии ҷомеа маҳсуб меёбад, баргузор гардид. Ба Конференсия 80 мақолаи илмӣ пешниҳод шуда, дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш 57 мақолаи ба талаботи алоқаманд ҷавобгӯй хостагирӣ шуда, мавриди баррасии олимон дар Конференсия пешниҳод гардид. Зимнан, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ иборат аз 57 мақола дар 300 нусха чоп гардида, ба иштирокдорони Конференсия дастрас карда шуд.

Боиси фараҳмандист, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи эле​​​​​​​ктронии сатҳи байналмилалӣ бо унвони «ELIBRARY» ва ё «РИНЦ», ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Минбаъд, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас мегардад ва ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд.​​​​​​​

Дар натиҷаи Конференсия бо мақсади ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) таъсиси Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳамаи олимон, иштирокдорони Конференсия дастгирӣ карда шуд.