“Замин сахту осмон баланд...”

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Сӯхторе, ки аввали моҳи июн дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар ба амал омад, хисороти зиёде дар пай гузошт. Одатан, аз асари чунин ҳодисаҳои нохуш, ки боиси талафоти бузурги молӣ мегардад, соҳибмулкон чӣ ҳолу аҳволи равонӣ доранд, инро худ медонанду Худо. Дар ин маврид чӣ бояд кард, то камтар осебпазир бошем? 

Маҳз дар ҳамин гуна ҳолатҳои равонӣ  нафарони ҳисоротдида пеш аз ҳама ба машварати табибону мутахассисони риштаи асабшиносӣ ниёз доранд. Тавре дар лаҳзаҳои ин ҳодисаи нохуш шоҳид гардидем, баъзе соҳибкорон аз дидани сӯхтори дукону мағозаҳояшон гирифтори фишори хуну асаб шуда, ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доштанд. Ба гуфтаи равоншиносон чунин ҳолатҳо, яъне ҳиссиёти ғаму андӯҳи зиёд ба солимии инсон таъсири манфӣ расонида, гирифторон онҳоро ба бемориҳои қалбу асаб оварда мерасонад.
 

Равоншиносони кафедраи психологияи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иброз медоранд, ки дар чунин ҳолатҳо зарардидагон аз сӯхтори бозор ба суҳбату машваратҳои таскинбахшӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки бо ҷалби мутахассисони машваратгоҳҳои равоншиносӣ миёни тоҷирону соҳибкорони аз сӯхтор зарардида суҳбату вохӯриҳо роҳандоззӣ мегашт. Гарчанде ки барқарор кардани ҳисороти молу амволи тоҷирон имконнопазир ҳам бошад, аммо баъзан як панди рӯзгору сухани созанда метавонад боиси рӯҳбаландиву хушбинии зарардидагони  сӯхтор гардад.
 

гуфтаи Сафаралӣ Раҳимов, мудири кафедраи психологияи факултаи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар баробари кумаку дастгириҳои равоншиносон хуб мешуд зарардидагони сӯхтор аз ягон намуд имтиёзҳо бархӯрдор мешуданд. Яъне, дар баробари кумакҳои равонӣ ва имтиёзҳо ҷиҳати тамдиди қарзҳои бонкӣ тадбирҳои дигарро низ роҳандозӣ намуд ва маҳз бо истифода аз равишҳои маҷмӯавӣ (комплексний подход) метавон дубора зарардидагон аз сӯхтори бозорро ба ҳаёти солиму созанда роҳнамоӣ кард.
 

Аз суҳбат бо тоҷирону савдогарони бозори “Фаровон” бармеояд, ки бештари онҳо бо истифода аз қарзҳои бонкӣ фаъолияти тиҷоратии худро пеш бурда, баъди ин ҳодиса дар ҳолати ногувор қарор доранд. Аллакай дар рӯзи дигари баъди ҳодисаи сӯхтор баъзе бонкҳои дар кишварамон фаъолиятдошта, намояндагони худро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаанд. Итминон меравад, ки баъди омӯзиши вазъияти воқеӣ бонкдорон бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи “Фонди талафоти эҳтимолӣ” имтиёзҳоеро барои муштариёни худ фароҳам меоваранд.
 

Тавре масъулони Филиали бонки “Амонатбонк”-и №42 дар шаҳри Бохтар  иттилоъ доданд, баъди омӯзиши вазъият ва омори маблағҳои қарзии муштариёне, ки дар сӯхтори бозор молу амволи худро аз даст додаанд, иқдомҳо гирифта мешавад.
Дар ҳамин ҳол намояндагони “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Бохтар иброз медоранд, ки муштариёни дар ҳодисаи сухтори бозори “Фаровон” зарардида ба муҳлати то 6 моҳ аз додани қарз озод карда мешаванд ва ба соҳибкорони ба маблағҳои қарзӣ ниёздошта, қарз дода метавонад.

 

М. Аҳмадов, як тан аз соҳибкорони бозори “Фаровон” ин гуна ҳодисаҳои нохушро имтиҳони зиндагӣ  мешуморад. Маҳз бо паси сар намудани шикасту рехт ва пастиву баландиҳои пайроҳаи зиндагӣ инсон обутоб ёфта, сабру таҳаммулпазирӣ дар рӯзҳои сахту ҳодисаҳои нохушро таҷриба менамояд. Ба гуфтаи ӯ инсон дар чунин ҳолатҳо бояд сабр пеша намуда, бо шукргузорӣ аз тани сиҳату тинҷиву осудагӣ дар Ватани худ зиндагиро идома диҳад. “Навмед набояд шудан аз гардиши айём” аз пандҳои машҳури ниёгони мо ба ҳисоб меравад, ки аз насл ба насл мерос мегузорем.
 

Албатта, барои баъзе соҳибкорону тоҷирони зарардида  аз даст додани маблағу моликияте, ки он ҳам аз қарзҳои бонкӣ аст, ниҳоят душвору сангин мебошад, аммо замин сахту осмон баланд, ба ҷуз ба тақдир тан додан дигар илоҷ надорем. Болои сӯхта намакоб дар он шаби сӯхтор иддае аз пастфитратон ба ҷойи кумак баръакс молҳои аз коми оташ ҳифз намудаи онҳоро ғорат кардаанд.
 

  Тоҷирони бозори “Фаровон” ба умеди ояндаи неку рӯзгори осоишта сабру  таҳаммул дошта, роҳҳои аз нав ба роҳ мондани тиҷорати худро ҷустуҷӯ доранд. Оре, навмедӣ хоси инсони шоиста набуда ва ҳар фарди оқилро мебояд дар ин гуна ҳолатҳо солимиву оромии рӯҳии худро нигоҳ дошта, оромона андеша намояд, ки чӣ бояд кард то фаъолияти соҳибкориву тиҷоратии худро аз нав роҳандозӣ намояд. Умедворем, ки ҳар яки онҳо роҳи баромад аз ин қазияро пайдо мекунанд, зеро гузаштагонамон гуфтаанд;  Зиндагӣ ба умед....

Хайрулло Саъдуллоев,
коромӯзи “Ҳамрози халқ”