АЗ ИСТЕҲСОЛОТ ТО СОДИРОТ. Ё ЧӢ ТАВР СОҲИБКОРОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД?

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо таъсиси корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ дар навоҳии дур аз маркази вилояти Хатлон даҳҳо нафар, хусусан занҳои хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардида истодааст. Инчунин, маҳсулоти кишоварзӣ дар рустоҳо талаф наёфта, саривақт ҷамъоварӣ ва коркард гашта, дастрасӣ харидорон мегардад.

Аз саҳро то коргоҳ

Тахмина Тураеваи 35 сола аз ҷумлаи занони хонашин дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун аст, ки ба нақли худаш аз овони мактабхонӣ дар саҳро кор мекард. Ҳоло оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд мебошад. Шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Тахмина низ то ин муддат барои таъмини эҳтиёҷоти хонавода дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояҳо кор мекард.
 

“Деҳқонони минтақаи мо бештар пиёзу сабзӣ ва тарбузу харбуза кишт мекунанд. Мо як гурӯҳ занҳо дар заминҳои онҳо кор мекардем. Ҳаққи корамонро медоданд, вале кор дар саҳро осон нест”,- мегӯяд ӯ.
 

Тахмина Тураева мехост дар ягон корхонаи истеҳсолӣ кор кунад, аммо чунин имконият набуд. Хушбахтона имсол ин орзӯяш аммалӣ шуд. Бо дастгирии зани муваффақу кордон Савлатмоҳ Файзова ҶДММ «Савлати Маҳмуд» таъсис дода шуд. Тахмина кори имсолаи саҳроро канор гузошт ва дар корхонаи мазкур ба шустушӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул шуд. Мегӯяд, ки назар ба кори саҳро инҷо кораш хуб ва қуллай мебошад. Ҳар рӯз ҳамроҳи 5 нафар занони дигар якҷоя кор мекунанд.

Кор бо таҷҳизоти муосир

ҶДММ «Савлати Маҳмуд» дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун беш аз як моҳи ахир аст, ки ба фаъолият оғоз кардааст. Дар онҷо чанд навъи маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва мутобиқ ба стандартҳои бозори ҷаҳонӣ коркард ва бастубанд шуда, баъдан дар бозор ва мағозаҳои дохили кишвар фурӯхта мешаванд. Дар сурати зиёд шудани иқтидори маҳсулоти коркардшуда, ба хориҷи кишвар низ содирот ба роҳ монда хоҳад шуд.
 

Зимни таҳияи ин матлаб ба кори кормандони ҶДММ «Савлати Маҳмуд» аз наздик шинос шудем. Ҷамшед Шарифов, як масъули корхонаи мазкур мегӯяд, ки бо дастгирии шарикони рушд соҳиби 13 таҷҳизоти муосир гардида, то ба имрӯз як миқдор маҳсулоти коркардшударо пешкаши харидорон намуда истодаанд.
 

“Қабл аз дастрас кардани таҷҳизот мо як гурӯҳ занҳоро ҷамъ оварда, бо даст консерва тайёр мекардем. Иқтидорамон дар як шабонарӯз то 500 зарф буд. Аслан кори мо мавсимӣ аст, аз моҳҳои июн-июл оғоз мешавад. Ҳозир ашёи хом кам дорем. Дар сурати зиёд шудани он дар як шабонарӯз бо таҷҳизоти муосир имкони то 10 ҳазор зарф имконпазир аст. Аслан иқтидор аз ашёи хом вобастагӣ дорад”, –  мегӯяд Ҷ. Шарифов.

Имконият барои боғдорон

Дар ҶДММ “Савлати Маҳмуд” феълан аз меваҳои олуча, олу ва зардолу шарбат тайёр мекунанд. Инчунин помидору бидиринг ва аз минтақаҳои кӯҳӣ пиёзи анзур оварда, консерва низ омода менамоянд. Ин аввалин таҷрибаи онҳо бо таҷҳизоти муосир мебошад. Масъулини корхона аллакай бо чанд боғпарвар барои дастрас кардани ашёи хом шартнома карданд. Барои боғпарварон низ ҶДММ “Савлати Маҳмуд” имконияти муносиб фароҳам овардааст, зеро дигар маҳсулоташон вайрон нашуда, саривақт ба корхона месупоранд.
 

“Феълан иқтидор кам аст, маҳсулоти коркардшуда танҳо дар бозору мағозаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, вале бо тоҷирони берун аз кишвар шартнома баста шудааст. Оянда иқтидорро зиёд карда, ба хориҷа низ содирот мекунем. Дар Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар фуд 2022”, ки санаи 25-майи соли равон дар шаҳри Бохтар доир шуд, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштем. Тоҷирони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҳато берун аз кишвар низ барои харидорӣ кардани маҳсулот бо мо гуфтушунид карданд”, –  илова кард Ҷамшед Шарифов.

Мутобиқсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ

Солҳои охир дар ҳудуди вилоят чунин корхонаҳои саноатию истеҳсолии хурду бузург ифтитоҳ шуда, мардум бо шуғл таъмин шуда истодаанд. Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Беҳбудӣ» дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён аз соли 2009 то инҷониб фаъолият дорад. Кооперативи мазкур дар назди худ 28 гектар замини кишоварзӣ дорад, ки чаҳор гектараш боғи мевадиҳанда мебошад. Барои ашёи хомро коркард кардан барояшон таҷҳизоти махсус лозим буд. Соли 2021 бо дастгирии Лоиҳа “Оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” таҷҳизоти шустушӯй ва хушк кардани меваю сабзавотро дастрас карданд.

Дар кооперативи мазкур беш аз 20 нафар занону мардон ба кор   таъмин шудаанд. Таманно Файзова тайи ду сол аст, ки дар он ҷо кор мекунад. Мегӯяд, ки дар корхона ба хушккунии меваҳои мухталиф машғул мешавад. “Хонашин будам, ҳамсояам маро ба инҷо овард. Корамон хуб аст, саривақт маош мегирем. Аз корам қаноатманд ҳастам”, – ироа дошт Т. Файзова.
 

Раҳматулло Саъдуллоев, муассиси Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Беҳбудӣ» мегӯяд, ки бо истифода аз таҷҳизоти муосир меваҳоро мутобиқ ба стандартҳои бозори ҷаҳонӣ коркард ва басту банд мекунанд. Бо ворид шудани таҷҳизот ба корхона омодаанд дар як мавсим то 700 тонна меваи хушк истеҳсол намоянд. Аллакай маҳсулоташон харидор пайдо кардааст.
 

“Айни замон мо бо ширкати “Исфара фуд”-и вилояти Суғд шартнома баста, 400 тонна зардолуи хушк ба онҳо месупорем. Зимистон дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг ва Муъминобод нисбат ба минтақаи мо барвақтар фаро мерасад ва гоҳо маҳсулоти деҳқонон талаф меёбанд. Аз ин рӯ соли гузашта аз ноҳияҳои зикршуда барои харидорӣ кардани маҳсулоташон ба мо дархост карданд. Дар кооперативи мо коркарди мева аз моҳи май оғоз шуда, то моҳи октябр идома мекунад”, – мегӯяд Р. Саъдуллоев.
 

Масъулини кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии «Беҳбудӣ» ба нашрияи “Ҳамрози халқ” гуфтанд, ки содироти маҳсулоташон ба Федератсияи Русия низ дар назар аст.

Амонҷон Муҳиддинов,
     “Ҳамрози халқ”