МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аст, ки ба ифтихори 25-солагии Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст. Ташкил ва баргузории Конференсияи мазкур дар таърихи   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон падидаи басо фараҳбахшу саривақтӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯз ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда – мусоидаткунанда ба рушди устувори кишвар барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳим аст. Мақсад аз баргузории Конференсияи мазкур дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули чунин мактаби сиёсӣ, рушди заминаҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи асоснокии илмӣ ва маҳсулнокии онҳо мебошад.  Асоси илмию назариявӣ ва методӣ касб намудани фаъолият ва дилхоҳ соҳа ҳамчун маданияти ташкили идоркунӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар радифи таъмини сифат ва самаранокии ҳадафу вазифаҳо ба роҳ монда мешавад.
 

Дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поя-гузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш (14.10.2019) иброз намудаанд, ки «Баланд бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарфаи натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъ-олияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд».
 

Заминаҳои ташаккул ва инкишофи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсии сатҳи умумидавлатӣ ва умумимиллӣ қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, бар гардонидани гурезагон, таъмини заминаҳои мухталифи фаъолияти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки замоне Тоҷикистон дар оташи ҷанг месӯхт, маҳз дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ роҳбаре лозим буд,  то ватанро аз вартаи оташи ҷанг раҳо намояд. Хушбахтона Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу талошҳои ҷонфидоёнаи худ мамлакатро аз вартаи нестӣ наҷот доданд. Мардумро ба сулҳу субот ҳидоят намуда, кишварро аз буҳрони шадиди иқтисодӣ раҳониданд.

Баргузории Конференсияи мазкур давоми мантиқии силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни шукуҳманди истиқлоли Ватан мебошад. Конференсия аз ҷиҳати мазмуну интихоби мавзуъ ниҳоят муҳиму арзишманд буда, таҳқиқу омӯзиши паҳлуҳои он барои аҳли илм, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили мулоҳиза ба ҳисоб меравад. Аҳамияти мактабу таҷрибаи зикршуда то ҷоест, ки дастовардҳои даҳсолаи Истиқлолро ҷамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ мебошад.  
 

Дар марҳилаи рушди худ Тоҷикистон бо ҳадафу вазифаҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки ҳалли муваффақонаи онҳо бояд на танҳо вазифаи иқтисодию иҷтимоии кишварро ба куллӣ тағйир диҳад, балки сифати зиндагии шаҳрвандонро низ дигар карда, ҷойгоҳи байналмилалии кишварро ба зинаи комилан нав боло барад. Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар шукронаи он мекунанд, ки дар як фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар ва дорои забону миллат, фарҳангу таърих дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
 

Дар воқеъ тамоми дастовардҳои Тоҷикистони муосир хоҳ дар самти иҷтимоӣ, хоҳ иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ аз барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Дар муддати 28-соли фаъолият чун ҳизби пешсаф гурӯҳи ҳадафҳоеро муайян намуда буд, ки дар тадбиқи онҳо ҷомеа ба пешрафту комёбӣ ноил гардида, имрӯз Тоҷикистон аз гурӯҳи кишварҳои дар ҷаҳон шинохта, пуштибони тоҷикони ҷаҳон, дорои иқтисодиёти рӯ ба рушд, иқтидори хуби энергетикӣ, сиёсати дарҳои кушод ва ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
 

Гузашта аз ин халқи тоҷик ба илм бисёр зич пайвастагӣ дорад. Маҳз ихтирооту эҷодкориҳои наслҳои гузашта буд, ки тоҷикон таърих ва тамаддуни қадима дошта, дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф гардонад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад.

Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи рушди Мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд. Бояд қайд кард, ки дар Конференсияи навбатии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ки аз чаҳор бахш иборат аст 59  мақолаи илмии олмону муҳақиқон  пешниҳод гардид.
 

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буд.
Дар инҷо бояд равшанӣ андохт, ки зери мафҳуми “мактаб”, одатан мактаби илмӣ, бо фарогирии корҳои назариявии гурӯҳи олимону муҳаққиқон дар самти муайяни таҳқиқот, фаҳмида мешавад, аммо дар ин мавод - мактаб маънои васеътар дошта, бештар фарогири корҳои таҳқиқотии амалӣ вобаста ба фаъолияти идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Иштирокчиёни асосии ин мактаб, дар баробари олимон, ҳамчунин сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ ва хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва асоси фаъолияти (усулҳои) таҳқиқотии онҳоро мушоҳидаҳо, таҳлилҳои оморӣ ва систематикӣ, мониторинг, таҳлилҳои дедуктивӣ ва индуктивӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ, озмоишҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.   

 

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ иброз намуда буданд, ки “...мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад”. Зимнан, рисолати мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1), ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, чунин муқаррар гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Яъне, ин идея аз аввалин дастовардҳои Мактаби сиёсии Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, ки он ба таҳкурсии асосии давлатдории навини тоҷикон табдил ёфт.
 

Қадами дигар дар шароити демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ 10 декабри соли 1994 таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои зерин асос меёбад.ьЯкум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.
 

Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд. Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд. Ҳамин тариқ, барои устувор гардидани мавқеъҳо ташкили институти сиёсӣ дар шакли ҳизби сиёсӣ барои одамон зарур омад, то инки на танҳо дар мавриди интихобот, балки дар ҳама ҳолат (ба таври доимӣ) тавонад, ба ҳаммаслакони худ кумак расонад.

Чуноне, ки олими шотландӣ Девид Юм ҳизби сиёсиро таъриф додааст: «Ҳизбҳои сиёсӣ бештар таваҷҷуҳи худро барои ҷалб намудани одамон ва сохтани идеологияи нав, ки барои бунёди ҷомеаи нав талқин мекунад, равона месозанд», яъне ҳадафи асосии ҳизб ба расонидани халқ ва ҷонибдорони худ ва ё таъмин намудани иштироки онҳо дар идоракунии ҳокимият арзёбӣ мегардад.
 

Дар навбати худ, ҳизбҳои сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва ё ба даст овардани идоракунии ҳокимияти давлатӣ фишангҳои гуногунро истифода менамоянд. Боиси изтироб он аст, ки даҳсолаҳои охир дар ин муносибат фишангҳои нокомил ва ё ғайриқонунӣ, он низ экстремистӣ бештар истифода шуда истодаанд. Яъне, агар давраҳои аввали ташаккулёбӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба даст овардани боварии халқ ва намояндагии онҳо дар ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал мекарданд, пас имрӯзҳо ин тартиби амал тағйир ёфта, василаҳои иловагӣ, бо роҳи таҳдиду зурӣ ва дурӯғбофиву роҳгумсозӣ ба даст овардани ҳокимиятро касб намудааст.
 

Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки дар ҷомеа маъракаҳои интихоботӣ пеш меоянд, дар баробари берун омадани ҳаракатҳои идеологии комил, ҳаракатҳои идеологии нокомил ё инки экстремистӣ низ берун меоянд. Маҳз ҳамин ҳолат, яъне муқовимат бо ҳаракатҳои идеологии нокомил моро водор месозад, ки василаҳои тарғиботии худро пурқувват сохта, тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоем.т Аз ин лиҳоз, маҳз дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад, ки дар номи худ ҳамаи он талаботи болозикрро фаро мегирад. Илова бар ин, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ ба ҳуқуқу имкониятҳои дигар азҳоби сиёсӣ дахл накарда, ба майдони набардҳои сиёсӣ бо ғояҳои хосса ва созанда, ифодагари азму ирода ва ниёзҳои аввалиндараҷаи мардум мебарояд. Бо ҳамин мактаби сиёсии Пешвои миллат дастгоҳи идоракунии худро соҳиб мегардад.
 

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт”. Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳии давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо мактаби дигари Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, - мактаби сулҳофарӣ, ки мавзӯи дигар аст, боиси зикр мебошад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин рисолат дар ду маврид давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад. Якум, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни иштирок дар интихоботҳои парламентӣ. Принсипи амалии ин механизм ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо тартиби таҳлилу омӯзиши мушкилоти рӯзмарраи мардум, муайян намудани роҳу усулҳои дастрас ва имконпазири ҳалли мушкилот ва ҷамъоварии он дар шакли барномаи даврӣ татбиқ карда мешуд. Илова бар ин, муҳтавои барномаи таҳияшуда ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ ва номзадони ҳизб ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зимни мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба интихобкунандагон расонида шуда, мавриди зарурат такмил дода мешуд. Ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии номзадон мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба барномаи ҳизб асос меёфт. Маҳз ҳамин механизм барои дар амал татбиқгардии ҳадафҳои барномаи ҳизб шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард.
 

Дуюм, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳҳои олимону муҳаққиқон ва баррасии мушкилоти воқеии мардум таҳия ва дар давраи муайян татбиқ мегардад. Маҳз барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб асоси фаъолияти дохилию хориҷии мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳамчун ҳизби пешсаф ташкил медиҳад.
 

Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ бошад, тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монда мешавад.Чуноне ки дар Барномаи пешаз-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: “Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад”  тасдиқи тавзеҳоти боло мебошад.
 

Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 самт: сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад, асоси сисёсати давлатро барои 7 соли оянда муқаррар намуда, кишварро ба рисолати асосии пешгирифта – рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мерсонад.
 

Дар татбиқи ҳамаи ин масъалаҳо, албатта, дастгоҳи идоракунии иҷтимоию сиёсӣ –Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанг истодааст ва мунтазам бо истифода аз василаҳои идоракунии хеш амалисозии ҳадафҳои барномавиро пайгирӣ намуда, гурӯҳи вазифаҳои сиёсӣ-идеологиро ҳамоҳанг намуда, динамикаи нишондиҳандаҳои муқарраршударо таъмин менамояд. Ба сифати иштирокчиён ва ё шунавандагони асосии мактаби сиёсии Пешвои миллат аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро арзёбӣ кардан мумкин аст, ки шумори онҳо ба беш аз 500 ҳазор нафар расида, ботадриҷ афзоиш ёфта истодаанд. Кормандони асосии ҳизб, аз ҷумла раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ, ки мақомоти иҷроияи фаъолият мебошанд, дар сатҳи кишвар 6600 нафар буда, масъулияти амалӣ намудани корҳои ташкилиро ба душ доранд. Сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон бошад, мутаносибан пешрафти устувор доранд. Имрӯз шумораи аъзои ҳизб ба 185384 нафар, ки ин рақам мутаносибан дар соли 2012 – 85552 нафар буд, яъне 216% афзоиш ёфтааст, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ бошад, имрӯз 3042 ададро ташкил медиҳад, ки 205% афзоиш ёфтааст (с.2012-1480 адад). Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ дар муддати кӯтоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд, ки боиси ифтихори мо ҳизбиён аст.
 

Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти бутуни сиёсӣ бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ буда, дар ҳама минтақаҳо, оғоз карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Хулоса, мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешоҳанги ҷомеа буда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият дошта, баҳри рушди устувори Ватани азизамон – Тоҷикистон талош меварзад.
 

Барои мо – аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, олимон ва муҳаққиқон ҳамчун иштирокчиёни ин мактаби сиёсӣ месазад, ки дар роҳи таҳкими рукнҳои илмӣ – таҳия ва барои ҷомеа, аз ҷумла ниҳодҳои амалӣ пешниҳод намудани асосҳои назариявию методии он, яъне ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста талош варзида, самаранокии устувор ва пойдории онро (мактабро) таъмин намоем.
 

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аввалҳои моҳи декабри соли 2020 Конференсияи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, моҳи октябри соли 2021 дар  Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардида, дар умум дар кори ҳар ду конференсия 130 мақолаҳои илмӣ баррасӣ шуда буданд. Бояд қайд кард, ки дар Конференсияи навбатии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ки аз чаҳор бахш-сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ, иқтисодиёт ва энергетика, ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамчунин бахши кишоварзӣ ва саноатикунонӣ иборат аст, 75  мақолаи илмии олимону муҳаққиқон  пешниҳод гардиданд. Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии пешвои миллат» идомаи мантиқии ҳамоишҳои гузашта буда, ин иқдом минбаъд низ идома дода шуда, таҳким хоҳад ёфт.  

(Аз маводҳои конференсия)

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон